Носирҷон Салимӣ барканор шуд

Академик Носирҷон Салимӣ баъди як муддати кӯтоҳи фаъолият дар вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон сабукдӯш гардид.

Носирҷон Салимӣ бинобар сабаби пайвастан ба узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ роҳбарии Институти илмиро канор гузошт. Номбурда нахустин нафаре аст, ки дар матбуот ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон додани унвони “Пешвои миллат”-ро пешниҳод кард ва дере нагузашта он ҳукми қонунӣ гирифт.

Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба www.pressa.tj  хабар доданд, ки шуруъ аз санаи 25 октябри соли равон бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон узви Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид.

Баъди тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи интихобот ва раъйпурсӣ аз ин ба баъд узви Комиссияи интихобот вазифаи доимамалкунанда мебошад. Қаблан ин вазифаи ҷамъиятӣ буд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб шудани шахсиятҳои маъруфро дар ҳайати комиссияи зикршуда ба омодагии ҷидии ҳукумат ба интихоботҳои дарпешистода арзёбӣ мекунанд.

Чанд рӯз пеш ҳамчунин, Мағфират Хидирзода муовини раиси вилояти Хатлон низ аз вазифа барканор ва узви Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ интихоб шуд.

Аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба мо хабар доданд, ки чанд рӯз боз дари директор баста ва ҳанӯз касе курсии роҳбарии ин ниҳоди мӯътабари илмиро ишғол накардааст.

Юсуфзода Носирҷон Салимӣ, доктори илмҳои филология,    профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. 

Фаъолияти кориро аз маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” ва фаъолияти роҳбариро аз  директории «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» (1998-1999) оғоз намуда, баъдан ноиби ректори қисми илмӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(1999-2001), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (то соли 2010), ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (то соли 2012), директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (то соли 2014) ва то охири  соли 2018 ба ҳайси ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст.

Дар ин авохир номбурда Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *