Носирӣ: Танҳо ба Русия такя кардани Тоҷикистон хатост!
Равшан Носирӣ, узви ҳайати гурӯҳи мушовирони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз кишвари Ҳоланд бо сафари хизматӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Носирӣ дар Вазорати маориф, маданият, инноватсия ва рушди иқтисоди Ҳоланд фаъолият менамояд. Хабарнигори «Тоҷикистон» бо ӯ суҳбате анҷом дод, ки фишурдаи он пешниҳоди хонанда мегардад.
— Шумо кай ба Тоҷикистон омадед ва барномаи навбатии ин сафар аз чӣ иборат буд?
-Ин сафари ман бояд моҳи феврал сурат мегирифт, аммо бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтод ва моҳи апрел ба Тоҷикистон омадам. Бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои мухталиф мулоқот доштем. Инчунин, дар ин сафар аз вазъи бӯҳрони молиявие, ки бештари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, донистан хостам, ки Тоҷикистон чӣ гуна онро паси сар мекунад. Аз буҳрон баромадан осон нест. Дар Ҳоланд ҳамин гуна бӯҳрон қариб 4 сол идома дошт. Масалан, маоши ман ҳамчун коргари давлатӣ як сент зиёд нашудааст. Ҳукумати Ҳоланд тасмим гирифт, ки барои сарфа намудани маблағи буҷетӣ аз баъзе хароҷотҳо даст кашад. Аз ҷумла, чандин сохторҳои давлатиро ба ҳам як кард ва ин боиси ихтисори кормандон гардид. Буҳрон дар ин кишвари аврупоӣ паси сар шуд ва иқтисодиёташ рӯ ба рушд дорад.
—Буҳрон ба сатҳи бекорӣ дар Ҳоланд чӣ гуна таъсир кард? Оё рақами мушаххас дар ин бора ҳаст?
-Бале, таъсир расонд, вале сатҳи бекорӣ низ дар Ҳоланд коҳиш ёфта истодааст. Моҳи октябри соли 2016 СБР-сохторе, ки ба ҳисоб гирифтани мардум машғул аст, сафи бекоронро дар Ҳоланд то 800 000 нишон медод. Дар моҳи октябри соли 2016 то имрӯз ин рақам 50 физ кам шудааст. Яъне, ҳоло бекорон дар Ҳоланд ҳамагӣ ба 400 000 мерасад.
— Дар Тоҷикистон низ чандин бонкҳои молиявӣ аз ин буҳрон осеб диданд. Назари шумо дар ин бора чист?
-Асосан, ташкилоти молиявии хурд, ки микрокредит ном мебарем, зарар диданд. Дар бонкҳои Ғарб ва мамолики сеюми ҷаҳон бонкҳои хурд ба як хонаводаи камбизоат, ки дар деҳот умр ба сар мебурд, сад доллар медод. Ин пул барои хариди гов пешбинӣ шуда буд. Вақте гов харид, шир медиҳад. Ширро мефурашаду карзашро пардохт мекунад. Вақте ки ҳамон нафар аз иҷрои пардохти карзаш баромад, он гоҳ гирифтани маблағи қарз осонтару бештар мешавад. Ҳатто гирифтани туҳфа хам пайдо мешавад. Дар Тоҷикистон — чӣ? Баръакс, ба ҷойи сад доллар се сад доллар, аз микрокредит талаб кардем. Дар натиҷа бонкҳо ба мушкилии молиявӣ дучор омаданд. Дар Тоҷикистон чандин микрокредит баста шуд. Ин маънои онро надошт, ки шумо бонк мекушоеду ба чанд нафар қарз медиҳед аз он фоиз мегиред.
-Шумо дар сохтори Вазорати маорифи Ҳоланд кор мекунед. Оё ҳукумат ин соҳаро дастгирӣ мекунад?
-Гардиши маблағ дар соҳаи маориф, инноватсия ва маданияти Ҳоланд солона 6 миллиард евро аст. Тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, муассисаҳои таълимӣ дар зери чатри Вазорати маорифи Ҳоланд қарор доранд ва давлат ин соҳаро маблағгузорӣ мекунад. Ғайр аз ин, ҳар сол ҷониби Ҳоланд қариб 70 то 110 миллион евро ба хориҷ, аз ҷумла ба кишварҳои рӯ ба тараққии Африка, Индонезия ва Америкаи лотинӣ медиҳад. Дар Тоҷикистон таҳсилоти миёна ҳатмист, яъне мактаби миёнаро то синфи 11 бояд хонд. Аммо дар кишварҳои дигар, ба мисли Африка, Америкаи лотинӣ чунин нест. Агар волидайн пул надошта бошанд, фарзандашон ба мактаб рафта наметавонад. Бинобар ин, Ҳоланд инро ҳам маблағгузорӣ мекунад, ба гирифтани маълумот кумак мерасонад. Онҳоеро, ки лаёқату дониш доранд, дар самтҳои гуногун, махсусан техногия мутахассис омода карда, ба кишвари худ меорад.
-Нархи таҳсил дар донишгоҳҳои олии Ҳоланд чӣ гуна аст? Масалан, як нафар донишҷӯ дар як сол чӣ қадар хароҷот дорад?
— Таҳсил барои шаҳрвандони ҳоландӣ хеле арзон аст. Давлат дар ин самт диққати асосӣ медиҳад, зеро асоси пешрафти кишварро дар соҳаи илму маориф мебинад. Ба ҳисоби миёна як донишҷӯ дар Донишгоҳи Ҳоланд 5-6 ҳазор евро давоми як сол сарф мекунад. Ба ин ҷойи хоб, таҳсил, хӯрду хӯрок ва ғайра дохил мешаванд.
-Иқтисодиёти Ҳоланд такя ба чӣ дорад?
-Соҳаи чорводорӣ ва техникаву технологияи нав. Тамоми намуди меваву савзавот, ки дар Аврупо мерӯяд, дар Ҳоланд ҳаст. Ин кишвар дар баробари таъмини аҳолии худ бо маҳсулоти худӣ, ба кишварҳои ҳамсояаш содирот мекунад. Ин ҷо барои дохил ва баровардани маҳсулот ягон монеа нест. Фақат дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолият пеш бурда мешавад ва системаи андоз хеле пурқувват аст.
-Шумо дар Ҳоланд бо муҳоҷирон низ сари кор доред ва ба онҳо машварати ҳуқуқӣ медиҳед. Нигоҳи шумо ба муҳоҷират…
-Будани муҳоҷират хуб аст, аммо танҳо ба як кишвар, махсусан Русия такя кардан нодуруст аст. Русия муҳоҷирон ба нафъи худаш истифода мебарад. Бинобар ин, ба тамоми самтҳо, ки мо қарордод дорем, фиристодани муҳоҷирони қонуниро ба роҳ мондан зарур аст. Аз ҷумла, Корея, Хитой, Ҷопон, Полша ва дигар давлатҳои Аврупо ба нафъи Тоҷикистонанд.
-Оё аз Тоҷикистон ҳам дар Ҳоланд муҳоҷирон ҳастанд?
-Бале, муҳоҷири корианд, вале хеле кам.
-Барои паноҳандагӣ аз Тоҷикистон меоянд?
-Не, Ҳукумати Ҳоланд паноҳандагиро аз Тоҷикистон қабул намекунад.
-Туризм як манбаи асосисии даромад ба буҷети ҳар давлат аст. Барои рушди он дар Тоҷикистон ҳам талошҳо ҷой дорад. Аз нигоҳи шумо барои пешрафти ин бахш боз чиҳо намерасад? Чӣ бояд кард, ки мардуми Аврупо, аз ҷумла Ҳоланд ба Тоҷикистон бештар биёянд?
-Мутаассифона, бисёр мегӯему амал намекунем. Дар масъалаи виза мушкилот то ҳол ҷой дорад. Мардуми Аврупо ба ҷое мераванд, ки он ҷо коғазбозӣ камтар аст. Вақте ки ба кишварҳои дигар, аз қабили Мексика, Португалия, Марокаш, Аргентина ба саёҳат мераванд, чиптаро аз турагент ё тавассути онлайн мегиранд. Дар фурудгоҳ онҳоро махсус пешвоз гирифта, ба меҳмонхона мебаранд. Сипас, аз рӯйи барнома ба сайёҳат мебароянд. Даромад аз ҳисоби сайёҳонӣ хориҷӣ дар Тунезия, Турсия ва Египет 50 фоизро ташкил медиҳад. Беҳтар мешуд, ки дар Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ ягон сабукиҳо медоданд. Ҳамчунин, вақти он расидааст, ки ҳар гуна ҳуҷҷатбозиҳо камтар карда шаванд. Масъалаи дигар, дар Тоҷикистон ҳолати санитарӣ бисёр дар сатҳи паст қарор дорад. Аммо як чиз хушҳолкунада аст, ин амният аст. Дар Тоҷикистон амният таъмин аст. Озодона метавон гашту гузор кард.
-Дар Ҳоланд барои расидан ба вазифаҳои давлатӣ такя ба чӣ мекунанд: дониш, маҳорат, касбият, ошнобозӣ ё чизи дигар?
-Аввал касбият. Сипас, донишу маҳорат. Дар сурати аз уҳдаи кор набаромадан, зуд озод мекунанд.
-Ба назари шумо, дар кадом бахшҳо Ҳоланд метавонад, ки бо Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монад?
-Об. Ҳоланд дар мустаҳкамкунии соҳилҳо таҷрибаи бой дорад. Азбаски дар Тоҷикистон вақтҳои охир омадани селҳои даҳшатборро мушоҳида мекунем, Ҳоланд дар гирифтани пеши роҳи ин офатҳои табиӣ кумак карда метавонад.
Усмон Раҳимзода,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ