Носро қиммат макун! Шикваи сокинон аз гаронии нархи нос
Дар пайи гарон шудани нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар болоравии нархи нос сокинони носкашро ба ташвиш овардааст.
Бисёре аз сокинон, ки ба ин навъи тамоку дилбастагӣ доранд, аз он шиква мекунанд, носфурӯшон худсарона як халтачаи онро 2 сомонӣ кардаанд, ҳол он ки то чанд рӯзи пеш нархи он 1 сомонӣ будааст.
Баҳси болоравии нос дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле гарм шуд. То ба ҳадде, ки шоир Исмоил Зарифӣ онро ба риштаи назм кашид. Ӯ дар ин шеъри худ аз носфурӯшон даъват кардааст, ки носро қиммат накунанд.
НОСРО ҚИММАТ МАКУН!
Ҳар чиро қиммат намудӣ, носро қиммат макун!
Нархи колоро фузудӣ, носро қиммат макун!
Аз гарониҳо дилам бигрифт дар рӯи замин,
Шодии қалбам зудудӣ, носро қиммат макун!
Ту надонӣ кайфи онро, эй зи ҳастӣ бехабар,
Кайфро аз мо рабудӣ, носро қиммат макун!
Нақши моро бинӣ дар ҳар раҳраве чун барги сабз,
Хушқареҳа, хушнамудӣ, носро қиммат макун!
Ҳоли мо бе нос мегардад дар ин олам табоҳ,
Ҷӯяҳо дар рӯ кушудӣ, носро қиммат макун!
Ҳастии носат фақат танбокуву хокистар аст,
Соҳибӣ эҳсону ҷудӣ, носро қиммат макун!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ