Нотаи Cафорати Тоҷикистон ба Русия: мурофиа ба таъхир афтод

Зимни сӯҳбат бо  Радиои Озодӣ Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки аз мақомоти рус тафтиши беғаразонаи ҳодисаро хостаанд. “Бо фиристодани нота бовар дорам, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия супориш медиҳад, ки ин ҳодиса холисона тафтиш шавад”.

Чӣ тавре ки расонаҳо хабар доданд, бегоҳии шоми 23-уми июн як гурӯҳи скинҳедҳо ё миллатгароҳои рус дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав бо шиори «Россия для русских, Москва для москвичей!» (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил кардаанд, ки дар натиҷа бо як гурӯҳ шаҳрвандони Доғистон ва Тоҷикистон занозанӣ карданд.

Пулиси Маскав ҳангоми боздошти раҳпаймоиҳо ҳамчунин Амиршоҳ Ҳусейнов, шаҳрванди Тоҷикистонро низ боздошт карда буданд.  Аммо пас аз чанде миллатгароҳоро раҳо карданд, вале  шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳ монд. Мурофиаи нахустини шаҳрванди Тоҷикистон  рӯзи 28-уми июн бо дархости адвокати ӯ ба таъхир гузошта шуд.

Ҳамчунин, Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 28-уми июн гуфтааст, ки  кормандони сафорат ва консулгарӣ ин қазияро таҳти назорат доранд ва барои ҳимояи ҳуқуқӣ Амиршоҳ Ҳусейнов вакили дифоъ даъват кардаанд.

Эҳтимол меравад, ки алайҳи Амиршоҳ Ҳусейнов бо моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне «авбошӣ» айб эълон кунанд. Ин иттиҳомро, сафорати Тоҷикистон ноодилона арзёбӣ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *