Нотаи сафорати Тоҷикистон ба Русия
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар робита ба қатъи парвозҳо байни ду кишвар ба Вазорати корҳои хориҷаи Русия “нота” фиристодааст.
Имомуддин Сатторов дар ин “нота” ё ёддошт бандҳое аз қарордоди байни Маскаву Душанбе дар мавриди парвозҳоро ишора намуда, таъкид сохтааст, ки Русия онҳоро нақз кардааст. Ба иттилои Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон, сафир Вазорати корҳои хориҷии Русияро аз музокироти бенатиҷаи рӯзи 22 декабр миёни ду ҷониб огоҳ кардааст: “Дар “нота” таъкид гардидааст, тарафи Тоҷикистон созишномаи иртиботи ҳавоии миёни ду кишварро нақз накардааст. Баръакс, нишон дода шудааст, ки Вазорати нақлиёти Русия кадом бандҳои ин созишномаро нодида мегирад”.
“Таниш”-и ҳавойӣ миёни Душанбе ва Маскав баъди он оғоз шуд, ки масъалаи парвозҳо аз фурудгоҳи “Жуковский” дар моҳи ноябр ба миён омад. Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уральские авиалинии» аз ин фурудгоҳ иҷозат надод. Хадамоти авиатсияи граждании Тоҷикистон таносуби парвозҳои ширкатҳои русиягиро дар бозори мусофирбари Тоҷикистон нашр кард, ки бар асоси он қисми бештари бозор дар ихтиёри ширкатҳои русӣ қарор дорад: “Аз ҷумла дар хатсйри Душанбе–Москва–Душанбе аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ — “Сомон Эйр” – 7 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 7 парвоз ва аз тарафи ширкати русиягии “Ют Эйр” – 14 парвоз анҷом дода мешаванд. Аз фурудгоҳи Хуҷанд “Сомон Эйр – 3 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 4 парвоз ва аз ҷониби ширкати русиягии “Сибирь” 7 парвоз амалӣ мешавад. Аз фурудгоҳи Кӯлоб танҳо ширкатҳои русиягӣ “Уральские авиалиний” — 4 парвоз ва “Сибирь” — 3 парвоз анҷом медиҳанд. Аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа низ ширкати русиягии “ВИМ Авиа” 7 парвоз дар як ҳафта анҷом медиҳад”.
Аммо Русия таҳдид кард, тамоми парвозҳоро ба Тоҷикистон қатъ мекунад ва ба дунбол мақомоти тоҷик барои парвози ҳавопаймоҳи «Уральские авиалинии» ба Душанбе иҷозат доданд. Нахустин ҳавопаймо 22 ноябр ба Душанбе нишаст. Ахиран, Тоҷикистон барои ширкакти “Ямал” иҷозаи парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аз фурудгоҳи “Жуковский”-ро надод ва Русия эълон кард, парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба чанд минтақаро лағв кардааст. Баъди ин изҳорот, ҷониби Тоҷикистон ба “Уралские авиалинии” иҷозаи парвоз ба Душанберо надоданд. Намояндаҳои Тоҷикистону Русия мегӯянд, гуфтушунидҳо барои ҳалли ин масъала ҳанӯз натиҷае надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ