Нотаи сафорати Тоҷикистон ба Русия

Аз 2 то 6 ноябр аз қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон беш аз 150 мусофири тоҷикро боздошт кардаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 7 ноябр дар ин робита ба вазорати хориҷаи Русия нота супурда, хостори расидагии фаврӣ ба сарнавишти шаҳрвандони тоҷики боздоштшуда шудааст.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, шумораи шаҳрвандони тоҷике, ки аз 2 то 6 ноябр аз қаторҳои роҳи оҳан дар гузаргоҳи Оқсарой (Аксарайск) дар марзи Русия бо Қазоқистон дастгир шудаанд, аз 150 нафар гузаштааст. Ин боздоштҳо шаби 2 ноябр бо боздошти 115 мусофири қатори Маскав – Душанбе оғоз ёфт. Ба дунбол, марзбонони рус даҳҳо тоҷики дигарро аз қатори Маскав – Хуҷанд фаровардаанд.

Сарвар Бахтӣ, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 7 ноябр ба гуфтааст, ки сафорат имрӯз ба вазорати хориҷаи Русия дар робита ба ин боздоштҳо нота супурдааст. Ба гуфтаи Сарвар Бахтӣ, сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо мақомоти вазорати хориҷаи Русия сарнавишти ин шумори бузурги тоҷикони дастгиршударо баррасӣ кардааст. Дар нотаи сафорати Тоҷикистон аз мақомоти Русия дархост шудааст, ки ба сарнавишти ин мусофирони тоҷик ба таври фаврӣ расидагӣ кунанд.

Сарвар Бахтӣ гуфт, ҳамчунин намояндагони сафорат, намояндагии вазорати меҳнату муҳоҷират ва ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба хотири кумак ба муҳоҷирони дармонда ба Оқсарой парвоз кардаанд ва бояд алакай субҳи 8 ноябр ба онҷо бирасанд.

Мақомоти Русия баъди дахолати сафорат рӯзи 3 ноябр як қисми мусофирони тоҷикро, ки шабро дар як амбор рӯз карда буданд, озод карда, ваъда дода буданд, ки бақияро низ озод хоҳанд кард. Аммо ин ваъда иҷро нашуд, балки боз даҳҳо мусофири дигари роҳии Тоҷикистон аз дигар қаторҳои роҳи оҳани ин кишвар дастгир шуданд.

Ба гуфтаи намояндагони сафорат, ин беш аз 150 мусофири тоҷик дар Оқсарой дар як вазъи мушкиле қарор гирифтаанд. Онҳо шабро дар вокзали хурди Оқсарой, ки имкони ҷой кардани чунин шумораи бузурги одамонро надорад, рӯз мекунанд ва мунтазиранд, ки мақомоти Русия дар мавриди онҳо ба чӣ қароре хоҳанд омад.

Мақомоти Русия мегӯянд, бархеи ин мусофирон шаҳодатномаҳои қалбакии бозгашт ба Ватан доштанд ва бархеи дигараш қонунҳои муҳоҷирати Русияро поймол кардаанд. Тибқи қонун, онҳоро бояд тавассути додгоҳ ҷарима баста, аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд.

Вале ҳатто дар чунин сурат имкони аз Оқсарой ба Тоҷикистон баргаштани ин шумори бузурги муҳоҷирони тоҷик суолбарангез менамояд. Қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон аз Маскаву Астрахан маъмулан пур аз мусофир ба роҳ мебароянд ва ба онҳо савор кардани беш аз 150 нафари дар Оқсарой дармонда ғайримумкин аст.

Барои ин мардум худро ба ягон шаҳри ободтар расондану бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон парвоз кардан низ коре хеле мушкил аст, чунки маъмулан бо қатори роҳи оҳан онҳое ба Ватан бармегарданд, ки тавони молии харидани билети ҳавопайморо надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *