Ноумедии донишҷӯдухтарон. Чаро онҳо кор намеёбанд?

Имрӯз пайдо кардани ҷойи кор барои зан яке аз мушкилоти асосӣ боқӣ мондааст. Махсусан онҳое, ки шуғли асосӣ надоранд, намедонанд, ки дар куҷо кор кунанд. Бо зиёд занҳо рӯ ба рӯ мешавем, ки ягона роҳи таъмини зиндагиро кор дар “пешхизматӣ” мебинанд. Яъне, кор дар ошхонаву тарабхонаҳои пойтахт. Хабарнигорони “Тоҷикистон” тасмим гирифтанд, ки тадқиқоте анҷом диҳанд, то соҳибони ошхонаву тарабхонаҳои пойтахт киҳоро ба кор мегиранд ва ёфтани кор дар ошхонаву нуқтаҳои “fast-food” чӣ мушкилиҳоро пеш меорад?

Ошхонаи уйғурӣ ба кор нагирифт

Аввал аз ошхонаҳои бозори “Корвон” дидан кардем. Раҳораҳи бозори “Корвон” пур аз ошхонаву нуқтаҳои фурӯши самбӯсаву пирожки. Аллакай вақти хӯроки нисфирӯзӣ фаро расида буд. Мардуми зиёде дар ошхона нишаста буданду хӯрок мехӯрданд. Мо тақрибан ба 10 ошхонаву нуқтаҳои “fast-food» дар бозори “Корвон” даромада, худро ҳамчун корҷӯ муаррифӣ кардем. Ошхонаи маъруф ба “Уйғурӣ” хеле серодам буд. Ҳаво ҳам хеле сард буд. Ба ин нигоҳ накарда, дар бозори “Корвон” ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Савдои ошхонаҳо низ хеле гарм буд. Дар ошхонаи “Уйғурӣ” ба мо гуфтанд, ки “таҷрибаи пешхизматӣ надоред, кӣ шуморо ба кор мегирад?”. Ин аваллин ошхонае буд, ки мо вориди он шудем.

Дар ошхонаи дигаре, дар болои дари утоқ “маъмурият” навишта шуда буд. Мо вориди он шудем. “Ба мо кор лозим аст. Мехоҳем ҳамчун пешхизмат кор кунем”,- ба сухан оғоз кардем ба марде, ки рӯ ба рӯямон менишаст. Марде, ки моро ба кор қабул кардан хост, аввал аз нӯги нохун то фарқи сарамонро аз назар гузаронд. Баъд, ба сухан даромад. Гуфт, ки агар кор кардан хоҳед, мо ҷойи кор дорем. Аз ин хурсанд шудем. Баъд аз чанд муддат марде, ки моро ба ошхонааш нияти ба кор гирифтан дошт, суол дод, ки оё дар ягон ошхона ё тарабхонае таҷрибаи пешхизматӣ доред? Мо ҷавоб додем, ки не. Аз сабаби он, ки донишҷӯ ҳастем ва ба маблағ ниёз дорем, кор меҷӯем. Ин мард ҳам бинобар сабаби таҷрибаи кор дар ягон ошхона ва ё тарабхона надоштанамон, моро ба кор нагирифт.

Дар ошхонаи “Душанбе”: Мо донишҷӯёнро ба кор намегирем!

Дар ошхонаи “Душанбе” мардум хеле зиёд буданд. Пешхизматҳо дар такопӯ ва мизоҷонро гусел мекарданд. Чанд лаҳза мушоҳида намудем, ки мардум чӣ мехӯранду чӣ кор мекунанд. Билохира, хостем, ки бо ягон корманди масъули ин ошхона ҳамсуҳбат шавем. Хоҳишамонро ба зане гуфтем ва ӯ баланд — баланд ҳамроҳи марде суҳбат карду гуфт, ки ду донишҷӯ коркобӣ омаданд, онҳоро корда мегирӣ? Марди рӯ ба рӯи зан бошад, бо овози баланд гуфт, ки “ман донишҷӯёнро ба кор намегирам”. Аз вай хоҳиш кардем, ки ба пул эҳтиёҷ дорем, ақаллан як нафарамонро то нисфирӯзӣ ва як нафари дигарамонро пас аз нисфирӯзӣ ба кор гирад. Аммо розӣ нашуд. “Ба ман корманде лозим аст, ки аз соати 8:00 то соати 17:00 кор кунад”,- гуфт масъули ин ошхона. Аз ин ошхона ҳам баромада рафтем.

Раҳораҳ ба андеша мерафтем, ки чаро донишҷӯёнро ба кор намегиранд? Наход барояшон дар ошхона кор кардан мушкил бошад?

“Субҳи Душанбе” ҳам ноумед кард

Мо вориди ошхонаи “Субҳи Душанбе” шудем. Дар ин ҷо фикр карданд, ки мо барои хӯрдани хӯрокӣ нисфирӯзӣ омадаем. Вале мо мақсади омаданамонро гуфтем. Онҷо ду марде нишаста буданд ва бо ҳамдигар суҳбат мекарданд. Вақте гуфтем, ки мехоҳем кор кунем, аввалин суоле, ки ба мо доданд, чунин буд:

— Шумо донишҷӯ ҳастед?

— Бале,- гуфтем дар посух.

Дар ҷавоб масъулини ошхонаи номбурда изҳор доштанд, ки “агар донишҷӯ намебудед, шояд шуморо ба кор мегирифтем. Вале нав 20 дақиқа пеш як занро ба кор қабул кардем. Ҳиси кунҷковиамон боло гирифту рӯзи корӣ дар ошхонаро аз он мард пурсон шудем.

— Барои як рӯз 40 сомонӣ медиҳем, вале шуморо кор намегирам,- гуфт он мард.

Мо тақрибан ба 10 ошхонаи бозори “Корвон” ворид шудем. Ҳеҷ кадоме майли моро ба кор қабул кардан надоштанд. Ба нуқтаҳои хӯрокҳои тезтайёри маъруф ба “fast food” муроҷиат кардем. Марде ҳамроҳи ду духтари дигар кор мекард, гуфт, ки “нигоҳ кунед, худамон бекорем, харидор нест, шуморо чӣ хел кор мегирем? Савдо хеле суст аст, базӯр рӯз мегузаронем”.

Аз саҳар то нисфирӯзӣ сарсон будем. Ба ҳар куҷое рафтем, ба кор қабул накарданд. Ҳамагӣ дар як нуқта, ки зане ба ҳисоби пул машғул буд, гуфт, ки метавонем шуморо ҳамчун самбӯсафурӯш ба кор гирем. Рӯзи корӣ 50 сомонӣ будаасту ба ҳардуи мо онро тақсим хоҳанд кард. Кор бошад, аз соати 6:30-и субҳ то соати 16:00 идома меёбад.

Тасаввур кунед, дар Душанбе пайдо кардани кор барои зан чӣ қадар мушкил будааст. То мо бо чашми худ надидем, бовар ҳосил накардем. Махсусан барои донишҷӯе, ки хоҳад пайсае ба даст ораду таҳсилро идома диҳад, боз ҳам мушкилтар будааст.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА,

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *