Нойерт: Русҳо, танкҳоятонро аз Украина бароред!

Сухангӯи Департаменти давлатии Амрико Ҳизер Нойерт дар нишасти матбуотии Вашингтон аз Русия даъват кард, ки ба даргириҳо дар шарқи Украина хотима гузорад ва силоҳҳои сангинашро аз қаламрави Украина берун кунад.

«Русия ва гурӯҳҳои таҳти фармондеҳияш манбаи зӯроварӣ дар шарқи Украина буда, ҳукумати Русия ба таври фаъолона аз низоъ ва бӯҳрони гуманитарӣ дар ин минтақа пуштибонӣ мекунад»,- гуфт Нойерт.

Ба гуфтаи Ҳизер Нойерт низои шарқи Укриана ҷанги шаҳрвандӣ аст. «Ба ном Ҷумҳуриҳое, ки Русия таъсис додааст, ташаккулҳои қонунӣ нестанд»,- афзӯд сухангӯи Департаменти давлатӣ.

Масъалаи истиқрори нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар Украина борҳо аз аз тарафҳои мухталиф матраҳ шудааст. Кремл низ зоҳиран миссияи сарбозони посдори сулҳро қабул дорад, аммо пофишорӣ мекунад, ки онҳо танҳо дар хати бархурди нерӯҳои Украина ва ҷудоиталабон ҷойгир шаванд. Ин дар ҳолест, ки Украина мехоҳад нерӯҳои сулҳҷӯ ҳам дар хати бархурди нерӯҳо ва ҳам дар марзи Украина бо Русия мустақар шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *