“Нозам” — намоҳанги нави Фараҳноз Шарафова
Ютубканали “Soroosh media” суруд ва намоҳанги нави овозхони ҷавони тоҷик Фараҳноз Шарафоваро бо номи “Нозам” нашр кард.
Зоҳиран намоҳанги суруд ҳаҷвӣ аст, зеро донишҷӯдухтарон ба муаллими ҷавонашон ҳар гуна “пранк”-ҳо мекунанд ва вақте ки муаллим онҳоро бо муш метарсонад, дигар ором мешаванд. Яъне, созандагони он кӯшиш кардаанд, ки то андозае муносибати бархе ҷавононро бо муаллимон нишон диҳанд.
Мазмуни суруд ба намоҳанг дар қадамҳои охир аён мегардад. Овозхон, ки яке аз нақшҳои марказиро иҷро кардааст, ба мулоқоти ошиқона назди муаллими ҷавон меравад ва бо ҳамин он тамом мешавад. Дар намоҳанги мазкур се ҳунарманди шинохтаи тоҷик — Зулфия Содиқова, Шуроат Ҷалолиддинов ва Ҷовидон Маҳмадов нақш офаридаанд, ки ҳар се ҳам омӯзгоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ