Нозанини пурнози Бадахшон
Имрӯз, 2-юми август сароянда ва ҳунарпешаи тоҷик Майсара Дилдорова 77-сола шуд. Вақте ки номи овозхони машҳур Майсара Дилдороваро ба забон орем, сарзамини мардхези Бадахшон, мардуми бо нангу номусаш, рӯдҳои шаффофи булуросои кӯҳистони Бадахшон, нозанинони пурнози Бадахшон пеши назар ҷилвагар мешаванд. Пас, чӣ сирру асроре доранд – сурудҳои Майсара?
Бале, ӯ истеъдоди табии худодод дорад. Сурудҳои Майсараро метавон нафаси зиндагӣ номид. Сурудҳои халқии Майсара Дилдорова ҳатто дар саҳнаҳои муҳташами давлатҳои бонуфузи ҷаҳон: Амрико, Ҷопон, Канада, Афғонистон, Иттиҳоди Шуравӣ танин андохт ва кафкӯбиҳои бардавоми мухлисони санъат бозгӯи қадршиносии ин санъаткори мумтози халқӣ мебошад.
Қалам ба тасвири санъати волои Ҳунарманди халқии Тоҷикистон оҷизӣ мекашад. Бузургии сурудҳои Майсара дар он аст, ки шеъру оҳанги сурудро бо маҳорати сухансароии худ пурра мегардонад. Ҳақ ба ҷониби шоири писандидаи тоҷик Лоҳутӣ, ки фармудааст:
Мурғи беболу паре буд шеърам,
Суннатон болу пар онро бахшид,
Пас чу шаҳбоз ба парвоз омад,
Зери хуршед олам рахшид.
Майсара ҳар як шеъри шоиронро бо меҳру муҳаббати хоса месарояд. Ӯ як мактаби хосе дорад – мактаби маҳорати сухан, дарки маънои суруду оҳанг, дарки фаҳмиши мухлисон. Боре суруди Майсара тариқи радио садо дод, мо аҳли оила саропо гӯш кардем. Ба модарам гуфтам, ки чӣ хел ӯ бо маҳорати баланд суруд мехонад, маънои ҳар як банди шеърро ба шунаванда мерасонад. Чунин услуб дар ками сарояндагон ба мушоҳида мерасад. Модарам рӯ ба ман оварда, гуфт: “Майсара дар оилае ба воя расидааст, ки падару модараш одамони бомаърифат, босаводи давр буданд. Мо дар ҳамсоягӣ, дар хонаҳои хизматчиёни давлатӣ мезистем.Падари Майсара Дилдор Имомбеков яке аз аввалин омӯзгорони соҳибихтисоси солҳои 1936 буд. Дар ҳоле ки он солҳо мубориза зидди бесаводӣ буд, мактабҳои кӯҳнаи дар хонаҳои маҳаллӣ вуҷуд доштанд, амалиётҳои маҳви бесаводӣ ба роҳ монда шуд. Дилдор Имомбеков аллакай соли 1936-ум ба Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуда буд ва пас аз хатми ин донишгоҳ бо ихтисоси педагог аввалин муаллими соҳибихтисоси Бадахшон ба шумор рафта, солҳои минбаъда дар мақомоти ҳукуматӣ, соҳаи маориф, омӯзгори омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ, директори мактаби №18 ноҳияи Шуғнон, котиби якуми комсомолии ВАБК, солҳои 1948 – 1952 сардори управленияи маданияти ВАБК бенуқсон кор кард. Акаи Дилдор бо саводнокии баланди худ, инсони комил байни халқ маҳбубият дошт.Ҳамин тарбияи хуби волидайн буд, ки барои Майсара сӯи санъати Бадахшон роҳ кушод”.
Воқеан, Майсара як номи таърихӣ аст. Ҳангоме, ки модараш яке аз аввалин санъаткори театри вилоятӣ Дилшодбегим Бозорова роли яке аз занони инқилобӣ Майсараро бозӣ кард, номи фарзандашро низ Майсара гузошт. Ин солҳои 1941-1942 буд. Пас аз ном баровардани овозхони машҳур Майсара, бисёре аз модарон номи духтаронашонро Майсара гузоштанд. Ҳатто чанде аз ҳаваскорони санъат ба сурудҳои Майсара, услуби шеърхонии ӯ пайравӣ ҳам мекунанд, лекин истеъдоди онҳо камӣ мекунад.
Майсара нисбат ба санъати драмавӣ шавқу рағбати калон дорад ва зиёда аз 30 нақшҳои асосиро дар спектаклҳои гуногун бозӣ кардаст. Масалан, дар офариниши нақшҳои Гурдофарид аз “Рустам ва Суҳроб”-и Ғанӣ Абдулло, Гулбаҳор аз “Бой ва хизматгор”-и Ҳамза Ҳакимзода, Райҳон аз “Арӯси сесума”-и Урдибодӣ, Наргис аз “Чинори Гуё”-и Б. Раҳимзода, Зарагул аз “Домоди сохтаи Ролтер ва Эдамард” ва бисёр дигаронро тамошобинон бо кафкӯбиҳои бепоён пазируфтанд.
Мухлисони ӯ бешуморанд ва дӯсташ медоранд. Хизматҳои шабонарӯзии М. Дилдорова аз тарафи Ҳукумати кишвар қадрдонӣ гардидааст. Ӯ дорои унвони баланд: Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва чандин медалҳо мебошад.
Дар ҳаққи Майсара шоирони Бадахшон Шанбезода Ҳайрат, Султон Шоҳзода, Амонбек Шоҳзода, Лутфишои Додо, Лалҷубаи Мирзоҳасан ва бисёр дигарон шеърҳо эҷод карданд. Зимни сафарҳои ҳунарӣ дар минтақаҳои Кӯлобу Суғд ва берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ низ шоирон дар њаққи Майсара шеъру ғазалҳои бисёре бахшиданд.
Шоири маъруф Ҳақназар Ғоиб фармудааст:
Гӯш кун бар самъ меояд садои Майсара,
Шаҳди шеъри ширадору дилрабои Майсара,
Гарчи бишнидам ҳазорон сол соз аз хунёгарон,
Дар дили шайдои ман холис љойи Майсара,
Аз садои тозааш ояд навои тозаҷон,
Зинда гардад мурдадил андар ҳавои Майсара.
Оилаи Майсара Дилдороваро метавон оилаи санъаткорон номид. Дар ин оила пайваста фазои якдигарфањмӣ, сухан аз одобу маърифат, фарҳанг, худшиносӣ ҳукмфармо аст. Шавҳараш Бовар Хисравов актёри шинохтаи театр буда, бо унвони Артисти хизматнишондодаи ҷумҳурӣ қадршиносӣ шудааст. Писараш Умеди Хисрав режисёр, актёри писандидаи театру кинои тоҷик аст. Ҳадяи Хисрав наворбардор, дизайнери бомаҳорати студияи телевизиони Бадахшон аст.
Келин, ҳамсари Умеди Хисрав низ сарояндаи мумтози театри вилоятӣ аст. Гоҳе зери сабки хушдоманаш Майсара мехонад.
Санъати нотакрори ӯ дар ҳар мулку диёри ватан ва берун аз он ҳаводорони зиёде пайдо намуд. Зеро ҳар як сабки сухани ӯ чӣ дар кишварҳои форсизабон, чӣ дар мамолики Шарқу Ғарб писандида буд ва ӯ ҳар як сухани худро ба саҳми шунаванда тавре мерасонад, ки гӯё аз дили мухлисон огоҳ бошад. Санъаткори асил бояд мисли Майсара бихонад. Дар саҳна ба фарҳанги сањнаороӣ риоя намояд ва ба дили мухлисон роҳ ёбад.
Хушо ба ҳоли чунин санъаткорон, ки парчами фарҳанги миллиро баланд бардошта, бо фарҳанги волои худ барои дигарон санъати ҳақиқиро ҷилвагар намоянд.
То ҳанӯз баромади аввалини Майсара дар саҳнаи театри ш. Хоруғ соли 1960 пеши назарам ҷилвагар аст. Ӯ месуруд:
Муҳаббат ман азобатро кашидам,
Ба дил гаҳ шодиовар, гаҳе ғам
Агарчи талхии ту беш дидам, беш дидам,
Вале аз ту нагаштам дур як дам, дур як дам.
Оре, муҳаббат ба ҳаёт сарчашмаи ҳамаи барору пешрафти зиндагӣ аст. Халқи рус муҳаббатро ба Худо баробар мекунанд.
Санъати воло мисли сурудҳои Майсара Дилдорова ба ҷонҳо рӯҳ ва тавон мебахшанд. Одамонро ба сӯи фардои нек, рафтори нек раҳнамо мекунанд. Саро, эй булбули хушнаво, Майсара!
Гуляман АЛИЁРОВА, узви конфератсияи байналмилалии журналистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ