Нозирони ИДМ дар Ӯзбекистон
Гуруҳи нозирони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) вориди Ӯзбекистон шуд. Иттилоъ дода мешавад, ки ин гуруҳ аллакай ба кор шуруъ кардааст.
Нозирони ИДМ ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши ҷараёни интихобот, ташхиси ҳуқуқии қонуни интихоботӣ ва мониторинги барномаҳои иттилоотии расонаҳо машғул мешаванд.
Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон то ин замон беш аз 90 нозири Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ИДМ, Созмони ҳамкориҳои Шангхай, Мақомоти интихоботии эътилофи ҷаҳонӣ ва Созмони ҳамкориҳои исломиро сабти ном кардааст.
Дар Ӯзбекистон 4 декабр интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Номзади асосӣ дар ин интихобот иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ