Нозироти андози вилояти Суғд ба дари расонаҳо мӯҳр задааст
Нозирони Идораи андоз ба дари даҳ расона дар маркази вилояти Суғд мӯҳр зада, далелашро «насупурдани андоз аз маоши кормандон» номидаанд. Онҳо ба намояндагони нашрияҳои чопи Душанбе дар Хуҷанд низ гуфтаанд, ки андоз аз маошашон бояд ба идораи молиёти ҷойи фаъолият пардохта шавад, на пойтахт.
Мавлуда Рофиева – намояндаи созмони НАНСМИТ дирӯз дар Хуҷанд ба гуфтааст,ки ба ӯ ҳатто фурсат надодаанд, ки ба дафтари асосии нашрияааш дар Душанбе занг зада, қазияро баррасӣ кунад. «Зуд барқро хомӯш карда, ба дар мӯҳр заданд», — гуфтааст ӯ.
Дар огоҳномаи насбкардаи Раёсати андози шаҳри Хуҷанд ба дари расонаҳо таъкид шудааст, ки «бе иҷозати мақомот, боз нашавад.» Тафтиши дафтарҳои кории рӯзноманигорону нашрияҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар «Кохи Матбуот» дар Хуҷанд тирамоҳи соли гузашта шурӯъ шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ