Нуқсон дар интихоби кадрҳо ҷой дорад
“Агар Тоҷикистон аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шавад, тамоми нуқсонҳо дар масъалаи муҳоҷирон аз байн меравад. Ҳоло Қирғизистон, ки аъзои ин иттиҳод аст, аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Қирғизҳо ҳамчун хазинадор, мудири анбор, экспидитор, тақсимкунандаи молу маҳсулот кор мекунанд.
Аммо тоҷикҳоро ба ин ҷо роҳ намедиҳанд, дар таҳхонаҳо, ба корҳои вазнин даст мезананд. Ҳол он ки қобилияти ба тиҷорат шуғл доштани тоҷикон нисбат ба қирғизҳо бамаротиб баландар аст”-мегӯяд, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров.
Бурду бохти Иттиҳоди АвруОсиё
-Солҳост, ки атрофи ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё гуфтузор мекунанд. Аммо бо гузашти беш аз 5 сол инҷониб ҷониби Тоҷикистон чанддон майли ворид шудан ба ин созмонро надорад. Агар Тоҷикистон шомил шавад, бурд мебинад ё бохт?
— Албатта, ин ҷо ҳам бурд вуҷуд дорад ва ҳам бохт. Аммо бештар бурд зиёдтар аст. Дар Тоҷикистон, онҳое, ки намояндаи ниҳодҳои расмӣ ҳастанд, бештар дар бораи бохт андеша мекунанд. Бохтро, ман дар кам шудани пардохтҳои гумрукӣ мебинам. Аммо бурд дар он аст, ки даромадҳои ғайримустақим бамаротиб зиёд мешавад. Агар, ин ҳардуро муқоиса кунем, фарқият калон аст. Бештар даромадҳои ғайримустақим бештар мешавад. Пеш аз ҳама, даромадҳое, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ба Тоҷикистон меояд. Ин ба буҷет ворид намешавад, ба кисаи хонаводаҳо меравад. Дар сурати ба иттиҳод ворид шудан, тахминан ба миқдори 1,7 фоиз зиёд мешавад. Чӣ гуна?
Иртибот ба беҳтар шудани саломатии муҳоҷирон дорад. Вақте ки Тоҷикистон аъзои ин созмони интегратсионӣ мешавад, муҳоҷирон соҳиби полиси тиббӣ мегарданд. Дар сурати ба садама дучор шудан, дар ҳар куҷое бошанд, табобат мегиранд. Ҳамасола садҳо муҳоҷири мо ба бемориҳои гуногун бинобар аз сардиву боронҳои Русия мубтало гардида, ба Тоҷикистон бармегарданд. Бо баъзе аз онҳо ҳамсуҳбат мешавам.
Мепурсам, ки бо ин азобе, ки доред, дар куҷо табобат мегиред? Посух медиҳанд, ки дар Ҳисор ё кадом мавзеи дигар кони намак ҳаст, он ҷо мераванд. Худро дохили намак карда, гӯё аз ин сиҳат мешаванд. Ин як тасаввуроти примитив аст. Аз ташхиси ҳақиқии духтур нагузошта, чӣ гуна сиҳат мешаванд? Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё тамоми ин нуқсонҳоро аз байн мебарад. Ҳоло Қирғизистон, ки аъзои иттиҳод аст, чунин имкониятро пайдо кард. Ман чанде қабл дар шаҳри Санг- Петурбург будам. Ба як маркази тиҷоратии бузург ворид шудам.
Дар он ҷо ҳам қирғизҳо кор мекунанд ва ҳам тоҷикҳо. Қирғизҳо ҳамчун хазинадор, мудири анбор, экспидитор, тақсимкунандаи молу маҳсулот фаъолият доранд. Тоҷикҳоро ба ин ҷо роҳ намедиҳанд. Тоҷикҳо дар берун, таҳхона ва дар шароти намнок ба корҳои вазнин машғуланд.
Музди маоши қирғизҳо нисбат ба музди маоши тоҷикҳо 2-3 маротиба баландтар мебошад. Ҳол он ки қобилияти ба тиҷорат шуғл доштани тоҷикон нисбат ба қирғизҳо баландар мебошад. Ин таърихан исбот шудааст. Зеро қирғизҳо кӯчманчӣ буданд. Тоҷикон аз замони қадим ба тиҷорат машғул буданд. Аз рӯи адолат бояд тоҷикон дар зал ва қирғизҳо дар таҳхона бошанд.
-Аммо бархе аз кишварҳои шомили ин иттиҳод, аз ҷумла Қирзғизистон изҳори пушаймонӣ мекунанд…
-Баъзе нуқсонҳо ҳастанд ва хусусияти муваққатӣ доранд. Дар байни Беларус ва Русия, ки вориди як давлат ҳастанд, ҳатто байнашон доир ба маҳсулоти ширӣ, аз сарҳад гузаронидани сабзавоту меваҷот аз сарҳад баҳсу мунозираҳо вуҷуд дорад. Ҳақиқатан, дар мавриди воридоту содироти маҳсулот байни кишварҳои узв баҳсҳо вуҷуд доранд.
Ба наздикӣ дар Маскав будам, дар конференсияи 14 –уми Бонки рушди АвруОсиё, ки ба мавзӯи интегратсияи АвруОсиё бахшида шуда буд, ашхоси зиёди намоён баромад доштанд. Академик Гласев, раиси бонк Бенлянов, намояндагони Аврупои шарқӣ баромад карданд. Имрӯз комилан масъаларо дигаргуна гузошта истодаанд. Немисҳо қайд карданд, ки Иттиҳоди АвруОсиё сол ба сол пурқувват шуда, хусусияти интегратсионӣ пайдо карда истодааст. Нишонаҳои хуби рушд дорад.
Агар Тоҷикистон аъзои иттиҳоди АвруОсиё шавад, тамоми муҳоҷирони мо аъзои иттифоқхои касабаи Русия мешаванд. Ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо комилан ранги дигар мегирад. Ман ба ин боварӣ дорам. Дар сурати ворид шудан, дигар ягон муҳоҷири ғайрилегалӣ намемонад.
Ҳамаи онҳо легалӣ мешаванд. Иҷозат медиҳанд, ки дар корхонаҳои саноатӣ ва замонавӣ кор кунанд. Масалан, ҳозир ягон тоҷик дар корхонаи муосир, аз ҷумла автомобил, самолёт, сохтани технологияҳои муосир кор намекунанд. Албатта, тоҷикҳо дар ин ҷо кор мекунанд, аммо шаҳрванди Русия ҳастанд.
Зарурияти Бонки исломӣ дар Тоҷикистон
-Соли 2019 дар Тоҷикистон аввалин Бонки исломӣ –“Тавҳидбонк” таъсис ёфт, ки то ҳол на ҳама моҳияти онро дарк кардаанд. Оё ин идеяи дуруст буд? Умуман, бояд механизми фаъолият дар низоми бонки исломӣ чӣ гуна бошад?
-Албатта, ин идеяи хуб аст ва метавонад натиҷаи хуб диҳад. Аммо механзми фаъоли Бонки исломӣ дар муқоиса ба бонкҳое, ки ба таври анъанавӣ фаъолият мекунанд, хеле мураккаб мебошад. Касоне, ки дар Бонки исломӣ кор мекунанд, сатҳи дониш, малака ва таҷрибаашон дар муқоиса ба онҳое, ки дар низоми анъанавӣ фаъолият доранд, бояд баландтар бошад. Бубинед, ки дар баъзе аз давлатҳо бонки исломӣ фаъол аст.
Масалан, дар Қатар, Қувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар натиҷаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ин давлатҳо камтар зарар диданд. Ҳатто активҳои онҳо дар давраи буҳрон бамаротиб зиёд шуд. Вақте ки аз бонки исломӣ қарз мегиред, ин маънои онро дорад, ки шумо фоиз намедиҳед, зеро фоиз ҳаром аст.
Масалан, гандум мекоред, агар он ҳосили хуб диҳад, фоидаи он мувофиқи шартнома миёни бонк ва мизоҷ тақсим мешавад. Аммо бояд муҳлати додани қарз то анҷом ба таври муттасил идома ёбад. Зимнан, мутасаддиёни бонк донанд, ки қарҳзо то кадом андоза дуруст истифода мешавад.
-Шумо як сол қабл аз 2019 қурби 100 долларро баробар ба 1000 сомонӣ пешгӯӣ карда будед. Ин пешгӯӣ то андозае дуруст баромад ва дар бозори сиёҳ қурби 100 доллар ҳатто аз марзи 1000 сомонӣ ҳам гузашт. Дар соли 2020 раванди беқуршавии сомонӣ идома хоҳад ёфт?
-Қурби пул, ин инъикосгари нишондиҳандаҳои сифати рушди иқтисод аст. Агар суръати рушди иқтисод, сифати рушд баланд бошад ва пулҳое, ки мо кор мекунем, ба офшор нараванд ва барои рушди иқтисод хизмат кунанд, иқтисоди кишвар даҳҳо маротиба беҳтар мешавад. Яке аз монеаҳои мултипликатор низ дар ҳамин аст, ки пулҳо ба хориҷи кишвар мераванд.
Вақте ки пул ба берун меравад, бояд ба доллар иваз карда шавад. Ҳоло ба мушоҳида мерасад, ки ҳиссаи рубли русӣ дар бозори асъор баланд шуда истодааст. Ҳамаи ин бояд ба назар гирифта шавад. Агар пулҳо камтар ба берун равад, ба рушди иқтисоди кишвар ҳамчун сармоя амал кунанд, мултипликатори пул бо тамоми қуввааш кор мекард.
Ман дар соли 2020 тез шудани суръати таваррумро намебинам. Яъне, таваррум дар шакли соли 2019 боқӣ мемонад. Шояд аз 0,2 фоиз кам ё зиёд шавад. Эҳтимоли болоравии қурби доллар низ вуҷуд дорад.
-Меъёри таваррум чанд аст?
-Меёъёри таваррум бояд аз 7 фоиз камтар бошад. Ҳоло аз 7 фоиз каме баландтар аст. Дар Русия таваррум ҳамагӣ 4 фоиз аст. Ҳатто дар байни бархе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ 2-3 фоиз аст.
-Оё иқтисоди Тоҷикистон дар соли сипаришуда пешрафте дошт? Агар ҳа, дар кадом бахшҳо?
-Бале. Ин пешрафт дар бахшҳои саноат ва кишоварзӣ мушоҳида шуд. Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли пахта, аз рӯи маълумоти омори кишварҳои ИДМ, наздики 400 ҳазор тонна расид. Ин нишондиҳанда хуб аст. Ин маънои онро дорад, ки истеҳсоли нахро аз 75 ба 110 -150 ҳазор тонна расонидан имкон дорад. Гарчанде ин ҷо 300-320 ҳазор тонна мегӯянд.
Аммо мо то имрӯз ба самаранокии пахта баҳои дуруст дода натавонистем. Ман чунин андеша мекунам, ки фурӯхтани нахи пахта ин як ҷиноят аст. Президенти кишвар дар мулоқотҳо даҳҳо маротиба мегӯяд, ки тамоми нахи пахта дар Тоҷикистон 100% коркард шавад. Лекин ин ҷо қувваҳои дигаре ҳастанд, ки намегузоранд пахта дар дохил коркард шавад, ба хориҷи кишвар мефурӯшанд.
Ақаллан дар шакли ришта мефурӯхтем, зеро баъзе аз навъои ришта, аз ҷумла трикаташ хеле гарон аст. Ҳол он ки мо риштаро аз хориҷи кишвар ворид мекунем.
-Ҷобагузории кадрҳо дар рушди иқтисоди кишвар таъсире дорад? То кадом андоза дар ниҳодҳои иқтисодӣ кадрҳо дуруст интихоб мешаванд?
-Дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо то ҳол нуқсонҳо вуҷуд доранд. Ҳоло як мафҳуме ҳаст, ки дар адабиёти иқтисодӣ онро “мертизизатсия”меноманд. Он аз калимаи “мерит”, яъне таҷриба, малака ва дониш зери ҳамин мафҳум акси худро дар шакли синтез ифода мекунад.
Касоне, ки ба ин ё он вазифа пешниҳод карда мешаванд, онҳо бояд сазовор бошанд. Зеро ҳар як вазифа талабот дорад. Инро созмонҳои байналмилалӣ хуб риоя мекунанд. Ҳоло критерияҳои мушаххас дар вақти интихоб ва таъини кадрҳо риоя намешаванд. Ба хешутаборбозӣ бояд хотима бахшид.
-Шумо дурнамои иқтисоди кишварро чӣ гуна мебинед?
-Ман хеле оптимист ҳастам. Дар соли 2030-ум сатҳи миёнаи рушди иқтисод ва иҷтимоиёти Тоҷикистон аз Ӯзбекистону Қазоқистон кам нахоҳад буд. Агар мо як стратегияи аниқ ва самараноки иқтисодро амалӣ намоем. Стратегие бошад, ки дар амалӣ гаштани он тамоми мардуми Тоҷикистон ҳавасманд бошанд.
Усмон Раҳимзода,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ