Нуқтаи ҷарроҳӣ ва эҳё дар як деҳаи дурдасти Исфара
Дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи дурдасти Сурхи шаҳри Исфара Нуқтаи ҷарроҳӣ ва эҳё мавриди истифода қарор дода шуд.
— То кунун мавҷуд набудани ҳуҷраи ҷарроҳӣ яке аз масъалаҳои муҳими аҳолии ин ҷамоат ба шумор мерафт, ки онҳо барои анҷом додани ҷарроҳӣ ба маркази шаҳр мерафтанд. Аз ин рӯ, ифтитоҳи Нуқтаи нави ҷарроҳӣ ва эҳё барои сокинони ин деҳот туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба шумор меравад,- шарҳ медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ифтитоҳи бинои нави тиббиро барои сокинони ҷамоат таҳният гуфта, изҳори умед кардааст, ки табибону ҷарроҳони маҳаллӣ бо донишу таҷрибаи кофӣ боварии мардумро сазовор хоҳанд шуд.
Таъкид гардидааст, ки рӯзҳои наздик чунин иншооти муосири тиббӣ дар дигар ҷамоатҳо низ мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки дар натиҷа барои фаъолияти табибон шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки бинои табобатӣ бо дастури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бунёд гардидааст. Нуқтаи ҷарроҳӣ ва эҳёи деҳаи Сурх барои 8 кати беморӣ пешбинӣ гардида, таҷҳизоти замонавии ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ