Нуқтаи тиббӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ дар Хатлон
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон маркази ҷойгирии муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ ва онҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд, нуқтаи тиббӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи он намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таҳти раёсати Департаменти дастгирии кишварҳо, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи Дафтари аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Гундо Уэйлер ва роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намудаанд.
Муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Ҳотамшо Латифзода намояндагонро бо нуқтаи тиббӣ шинос намуда, санади супурдани биноро бо Гундо Уэйлер имзо намудаанд.
Гуфта мешавад, ки ин нуқтаи тиббӣ дар доираи ҳамкории байналмилалии Кумита бо шарикони рушд дар самти коҳиши хатари офатҳо сохта шудааст.
— Ин нуқта имкон медиҳад, ки дар сурати сар задани офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда тақрибан 100 оилаи аз манзил ва амволи худ маҳрумшуда бо ҳадди ақали ашёи зарурӣ: хайма, дорухонаи шахсӣ, зарфҳои об, бастаҳои беҳдоштӣ, болишту кӯрпа ва маҷмааҳои ошхонаӣ таъмин бошанд. Ҳамчунин, он бо оби нӯшокӣ, нерӯи барқ, ҳаммом ва ҳоҷатхонаву дигар ҷиҳози зиндагӣ таъмин аст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ