Нуҳ мушкилоти театри тоҷик
Тарбияи актёрҳо дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба дараҷаи зарурӣ нест, зеро педогогҳои ихтисосманд нестанд. Албатта, як зумра ҳунарпешаҳои машҳури мо, Ҳунарпешаҳои халқӣ ва шоистаи Тоҷикистон дар донишкада кор мекунанд, аммо набояд фаромӯш кард, ки на ҳар ҳунарпешаи хуб педогог буда метавонад. Бинобар ин, актёрони ҷавон ҳаракати саҳна, этика ва нутқи саҳнаро чуқур намедонанд.
Мусоҳиба бо санъатшинос, профессор Тамара Абдушукурова
Фестивал-озмуни театрҳои касбии Тоҷикистон «Парасту 2019» ҷамъбаст шуд. 18 театри кишвар тӯли як ҳафта дар шаҳри Душанбе асарҳои худро пешкаши тамошобин намуданд ва дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон ҷоизаҳои худро дарёфт карда, барои ду соли оянда ба реҷаи кори муқаррарии хеш баргаштанд. Аммо ин «Парасту» аз «Парасту»-ҳои қаблӣ чӣ фарқ дошт? Оё парвози «Парасту» бомуваффақият буд? Театри тоҷик ба куҷо меравад? Дастовард дорад? Бурдаш зиёд аст ё бохташ? Он ба дарди тамошобин мехӯрад? Бо минтақа ва ҷаҳон рақобат карда метавонад? Имкони муаррифӣ кардани Тоҷикистонро дорад?.. Дар рафти фестивал ва муҳокимаҳо касе посухи ин суолҳоро ҷӯё нашуд. Бинобар ин, бо собиқ вазири фарҳанги кишвар, актриса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, санъатшинос, профессор Тамара Махсумовна Абдушукурова, ки дар саргаҳи «Парасту» меистанд ва 31 сол боз онро пайгирӣ менамоянд, ҳамсуҳбат шуда, ҷӯёи посух ба суолҳои боло шудем.
Парвози аввалини «Парасту»
-Тамара Махсумовна, шояд кам касон дар мавриди оғози «Парасту» ҳадафҳои он ва парвози аввалинаш маълумот дошта бошанд. Бинобар ин, мехоҳам суҳбатро аз охири солҳои 80-и қарни гузашта, аз бол кушодани парастуи нахустин оғоз кунем…
-Соли 1987 Нур Табаров вазири маданият ва ман — ҷонишини аввали эшон оид ба санъати касбӣ будам. Раиси Иттифоқи ходимони театри ҶШС Тоҷикистон бошад, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов буданд. Он вақтҳо обрӯйи ин иттифоқ хеле баланд буд ва онҳо ҳам талош мекарданд, ки сифати намоишномаҳо баланд бошад. Соли 1987 Ҳабибулло таклиф карданд, ки дар Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбиро таҳти унвони «Парасту» роҳандозӣ кунем. Мо ҳам бо Нур Табарович ба мувофиқа омада, қарор қабул намудем ва ба Ҳукумат муроҷиат кардем. Ҳукумат моро дастгирӣ кард ва худи ҳамон сол мо ба театрҳо мактуб фиристодем, то ки барои фестивал хуб омода шаванд ва талаб намудем, ки дар вақти таҳияи намоиши озмунӣ ҳама компонентҳои спекаткл бояд ба назар гирифта шаванд. Ҷоизаҳоро ҳам мувофиқи талаботи спектаклҳо барои беҳтарин драматургия, режиссёр, нақши занона, мардона, эпизодӣ, ороиши мусиқӣ, ороиши саҳна, дебюти актёрӣ, мавзӯи замонавӣ, нутқи тозаи саҳнавӣ ҷудо намуда, барои спектакли беҳтарин Шоҳҷоиза пешбинӣ намудем. Баҳори соли 1987 аввалин фестивали «Парасту» доир шуд ва Шоҳҷоизаи нахустинро спектакли «Фишор»-и Театри мазҳака-мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода аз рӯйи асари Сафармуҳаммад Аюбӣ дар таҳияи Мирзоватан Миров соҳиб шуд. Мавриди ёдоварист, солҳои аввал «Парасту» ҳамасола доир мегардид. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки дар соли дуюми фестивал, ки соли 1988 баргузор шуд, спектакли марғуб ва ҷаззоби «Дорогая Елена Сергеевна»-и Театри русӣ-драмавии ба номи В. Маяковский, ки онро Валерий Аҳадов аз рӯйи асари Людмила Разумовская таҳия карда буд, Шоҳҷоиза ба даст овард.
-Фазои «Парасту»-и он солҳо аз имрӯз чӣ фарқ дошт?
-Фарқ аз замин то осмон. Мо қабл аз шурӯъ кардани фестивал ба Иттифоқи ходимони театрии СССР муроҷиат мекардем, ки мунаққидони беҳтаринро аз кишварҳои бародарӣ ва нашрияҳои «Советская культура», «Театральная жизнь», «Театр» ва ғайра фиристанд. Ҳамин тавр, беҳтарин мунаққидон омада, спектаклҳои моро тамошо мекарданд ва дар ҳузури ҳунармандон онро таҳлилу баррасӣ мекарданд. Он замон мо талаб мекардем, ки ҳамаи актёрону режиссёрон ҳамаи спектаклҳоро бубинанд ва дар ҳама муҳокимаҳо ширкат кунанд. Мунаққидони мо Низом Нурҷонов, Лола Ҳасанова, Малика Ҷӯрабекова низ фаъол буданд. Мо ҳам дар муҳокимаҳо ширкат мекардем. Он замон қарори тақсими ҷоизаи ҳакамон на, баҳои мунаққидон муҳим буд, зеро он барои кори ояндаи аҳли театр мактаби бузурге мешуд. Дигар ин ки мо як анъанаи хуберо ҷорӣ намудем. Дар рӯзҳои баргузории фестивал театрҳои пойтахт ҳамкасбони аз музофотомадаашонро ба меҳмонӣ ҷеғ мезаданд. Ҳар рӯз дар даҳлези яке аз театрҳо як пиёла чой ташкил карда, дар сари миз суҳбатҳо ва баҳсҳои эҷодӣ мегузарониданд. Ин суҳбатҳо хеле муҳим буданд, зеро байни ҳунармандон табодули таҷриба ва ҳамкорӣ сурат мегирифт. Ба тамошои спектаклҳо ва ин гуна нишастҳо намояндагони дигар итифоқҳои эҷодӣ: Иттифоқи композиторон, нависандагон ва рассомон низ меомаданд. Вазири маданият ва ҷонишинҳо низ ширкат мекарданд. Яъне фестивал зинда буд ва барои пеш бурдани кори театрҳо мусоидат мекард.
-Шумо дар даврони вазнини бозсозӣ муовин ва сипас дар оғози соҳибистиқлолӣ вазири фарҳанги кишвар будед. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ «Парасту» чӣ гуна ҷараён мегирифт?
-Новобаста аз ҷанг, пас аз пароканда шудани Иттифоқи Советӣ мо «Парасту»-ро мегузаронидем. Бовар мекунед, бачаҳо дар Кӯлоб як бурида нони хӯрдан надоштанд, Қӯрғонтеппа даҳшатҳоро пушти сар мекард, аммо спектаклҳои нағз таҳия карда меомаданд. Суғду Бадахшон ҳам меҳмони доимии «Парасту» буданд. Санъат чунин хусусият дорад, ки инсонҳоро муттаҳид мекунад, вай ба ботини инсонҳо даромада, дар қалбашон умед, меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳаёт ва оянда бедор месозад. Дар ҳамон солҳои вазнин спектаклҳои нағз зиёд буданд. Дигар буҷет надоштем, ки мунаққидонро даъват кунем, бинобар ин, худамон — Низом Нурҷонов, Малика Ҷӯрабекова, Баҳора Хуррамова, Маҳмудлло Табаров, ман ва дигарон муҳокимаҳо мекардем. Зеро бе танқид театр пешт намеравад.
Аммо бо вуҷуди он ки давлати мо рушд мекунад, сол то сол шукӯҳи «Парасту» кам гардид. Дигар меҳмониҳо аз байн рафтанд, актёрон намоиши ҳамкасбҳои худро тамошо намекунанд, мунаққидон хеле кам меоянд. Ман борҳо ба вазирони фарҳанг муроҷиат намудам, ки бе мунаққидон «Парасту» натиҷа намедиҳад ва театри мо рушд намекунад. Аммо бо вуҷуди он ки имрӯз имконият дорем, мунаққидони барҷаста , даъват намешаванд.
Аз «Парасту» ба «Наврӯз»
-Агар хато накунам, дар ин шабурӯзҳо дар Осиёи Марказӣ фестивали дигари театрҳои касбӣ «Наврӯз» ба фаъолият оғоз карда буд.
-Бале. Охири солҳои 80-ум қариб дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ фестивалҳои театрии ҷумҳуриявӣ пайдо шуда буданд. Бинобар ин, ҳамон солҳо Иттифоқи ходимони театрии мо пешниҳод кард, ки як фестивали минтақавӣ ташкил кунем. Вазоратҳои маданияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ин пешниҳодро писандиданд ва фестивали минтақавии «Наврӯз» ба вуҷуд омад. Дар фестивали нахустин ду спектакли мо «Фишор» ва «Дорогая Елена Сергеевна» иштирок кард, ки ҳар ду бо ҷоиза баргашт, яке барои беҳтарин ороиши мусиқӣ, дигаре барои беҳтарин кори режиссёрӣ.
-Дар Тоҷикистон низ «Наврӯз» баргузор мешуд?
-Бале. Соли 1990 дар Душанбе нооромиҳо шурӯъ шуданд. Бинобар ин, мо «Наврӯз»-ро на дар баҳор, балки моҳи ноябр баргузор кардем. Дар он давра спектаклҳо аввал дар «Парасту» ширкат мекарданд ва соҳиби Шоҳҷоизаи ин фестивал ба «Наврӯз» роҳ меёфт. Кадом спектакле, ки Шоҳҷоизаи фестивали минтақавии «Наврӯз»-ро ба даст меовард, дар саҳнаи театри «Дӯстии халқҳо»-и Маскав баромад мекард.
-Спектаклҳои Тоҷикистон ба саҳнаи «Дӯстии халқҳо» роҳ меёфтанд?
-Бале. Як ҳодисаи гувороро мехоҳам хотирнишон созам. Охири солҳои 80-ум дар Душанбе Театри «Аҳорун» ба вуҷуд омад. Ин театрро ман хеле дӯст медоштам, зеро асосгузори он Фаррух Қосимов ва ҳайати эҷодиаш Сабоҳат Қосимова, Саодат Азизова, Баҳодур Миралибеков, Қурбони Собир, Латофат Барзиева, Давлат Убайдуллоев ва дигарон хатмкунандагони Донишкадаи санъат буданд ва ман ба онҳо дарс гуфтаам. Ин театр аввал ҳамчун гурӯҳи Фаррухи Қосим пайдо шуд ва бо сабаби набудани бино мо онҳоро аввал дар театри ҷавонон ҷой кардем ва баъдан ба ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат намудем, то ки онро ба тобеияти худ дароранд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва дар Душанбе Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба вуҷуд омад, ки ҳоло номи Муҳаммадҷон Қосимовро дорад. Ин театр соли 1990 спектакли «Юсуфи гумгашта»-ро ба намоиш гузошт ва аз «Парасту»-ву «Наврӯз» Шоҳҷоиза гирифта, ба саҳнаи «Дӯстии халқҳо» роҳхат гирифт. Рӯзе, ки «Юсуфи гумгашта» дар Маскав мерафт, ман бо кадом коре дар ин шаҳр будам. Он рӯз барои тамошои ин спектакл беҳтарин мунаққидони Маскав ҷамъ омада буданд. Шумо бовар намекунед, «Аҳорун» он рӯз чунон баромад кард, ки тасвир кардан имкон надорад. Онҳо бемисл буданд ва тамоми толор моту маҳбут шуд. Ҳунармандони тоҷик саҳнаро кафонданд. Ман нишаста дар давоми спектакл гиря мекардам ва афсӯс мехӯрдам, ки имкон надорам то ба ҳар яки инҳо мошин диҳаму маошашонро бардорам. Зеро инҳо бо забони тозаи тоҷикӣ, мусиқии зебои мо, ки ба эҳсосоти одам, ба дилу ҷигари одам ҷой мешавад, тамошобини Маскавро тасхир карданд. Баъди спектакл муҳокима шуд ва мунаққидон гуфтанд: «Таджикский театр достиг самого высокого международного уровня. Вы с этими спектаклями можете, выходит на все сцены мира, и вы всегда будете, получат одобрения зрителей и аплодисменты»… Ин баҳои кори Фаррух буд… Афсӯс, ки ӯ бармаҳал рафт… Ва воқеан, «Аҳорун» театри тоҷикро дар бисёр давлатҳои хориҷа ба таври шоиста муаррифӣ кард.
Нуҳ мушкили театр
-Дар муқоиса ба он давра имрӯз вазъи театрро чӣ гуна арзёбӣ мекардед?
— Ман ҳамчун мутахассис вазъи театри тоҷикро нигаронкунанда арзёбӣ мекунам, зеро вақтҳои охир мебинам, ки дараҷаи санъати театрӣ поин рафтааст. Академизм коста шуда, театр вазифаи иҷтимоии худро пурра иҷро карда наметавонад.
-Сабаб чист?
-Якум – драматургия. Драматургҳо асарҳои хуб наменависанд ва агар масъалаҳои хубро бардоранд ҳам, онро бештар ба шакли шиор матраҳ мекунанд. Асарҳое, ки мақсади мушаххас, образҳои барҷаста, конфликтҳои печида дошта бошад ва ба тамошобин таъсир расонида тавонад, нестанд. Зеро кам касон машғули драманависӣ мебошанд. Солҳои пеш дар Вазорати маданият коллегияи драматургҳо доштем, ки асарҳоро муҳокима мекарданд, семинарҳо мегузарониданд, драматургҳои машҳурро даъват мекарданд ё аз Тоҷикистон бачаҳои ҷавонро ба Маскав мефиристоданд. Имрӯз ин чиз нест.
Дуюм. Вақтҳои охир театрҳо ба асарҳои классикаи ҷаҳонӣ ва драматургони собиқ шӯравиву муосири ҷаҳон кам муроҷиат мекунанд. Бинобар ин мо аз ҷараёнҳои театри муосири ҷаҳон қафо мемонем ва аз ҳама муҳим аз академизм дур мешавем.
Сеюм. Паст фаромадани сатҳи кори коргардонҳо. Режиссёр муҳаррики спектакл аст. Маҳз ӯ мақсади асосии драмтургро бо бозии актёр, ороиши мусиқӣ, ороиши саҳна якҷоя карда спектакл меофарад. Спектакл бояд зинда бошад, рӯҳ дошта бошад, дар он задухӯрд ва муборизаву талош барои мақсадҳои олӣ инъикос шавад, он гоҳ метавонад ба тамошобин таъсир кунад. Аз «Парасту»-и имсола дидем, ки кори коргардонҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Ман фаъолияти касбии режиссёр ва рӯҳи зиндаро фақат дар чанд спектакли «Парасту» — Театри Лоҳутӣ, Театри русии ба номи Маяковский, Театри Конибодом ва Театри ҷавонон дидам.
Чорум. Тарбияи актёрҳо дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба дараҷаи зарурӣ нест, зеро педогогҳои ихтисосманд нестанд. Албатта, як зумра ҳунарпешаҳои машҳури мо, Ҳунарпешаҳои халқӣ ва шоистаи Тоҷикистон дар донишкада кор мекунанд, аммо набояд фаромӯш кард, ки на ҳар ҳунарпешаи хуб педогог буда метавонад. Бинобар ин, актёрони ҷавон ҳаракати саҳна, этика ва нутқи саҳнаро чуқур намедонанд. Дар масъалаи нутқи саҳна ва техникаи нутқ ягона шахси ихтисосманд дар ҷумҳурӣ Умар Алиев аст, ки мо ӯро ба ГИТИС ба ассистентура фиристодем, аммо ӯ ба Хуҷанд кӯчида рафт. Дар кафедраи нутқи саҳна имрӯз ягон муллими ихтисосманд, ки техникаи нутқро дарс дода тавонад, нест. Бинобар ин имрӯз қариб дар ҳамаи спектаклҳо забони тоҷикии гӯшхарош садо медиҳад. Ҳарфи «ӯ»-ро, мисле ки аз забони тоҷикӣ бароварда партофта бошанд, талаффуз намекунанд, ҳама «дуст» мегӯяд, ҳол он ки вақте «дӯст» гуфта «ӯ»-ро кашиш медиҳӣ, баъдан ба мелодикаи забони тоҷикӣ мерасад. «Гул» ва «гӯл»-ро дар забони ҳунармандон фарқ карда намешавад. Чаро «ние»! «Не» не? Шумо спектакли «Ҳамлет»-и Бадахшонро дидед? Ягон калимаи Шоҳро фаҳмида намешавад ва ӯ дастпарвари Донишкадаи санъат аст.
Панҷум. Дар театрҳо мутахассисони зарурӣ намерасанд. Масалан, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балейтместери касбӣ нест. Дар театрҳои дигар мушкили набудани ороишгар, рӯшноидиҳанда ва бисёр кормандони техникиву эҷодӣ мушоҳида мешавад.
Шашум. Дар театрҳо имрӯз кори ҳаррӯза нест. Актёрон кор намекунанд. Дар ҳамон «Хусрав ва Ширин»-е, ки дар «Парасту»-и имсола ҷойи аввалро гирифт, овози баъзе аз ҳунармандонро шунида намешуд. Аз як шахси масъул пурсидам, чаро овозҳо суст? «Инҳо танбал, кор намекунанд, муаллима»-мегӯяд. Ба ёдам Малика Собирова омад. Мисол имрӯз ӯ садумин партияи «Жизел»-ро мерақсид, аммо саҳар аз соати даҳ ӯ дар назди «станок» буд ва машқ мекард. Мо вақте дар Театри Лоҳутӣ бо Аслӣ Бурҳонов кор мекардем, он кас нақши Ленинро меофариданд. Эшон се соат пеш омада, гримм карда менишастанд. Ё Тӯҳфа Фозилова. Дар спектакли «Модарандар»-и Балзак эшон модарандар ва ман духтари ӯгайро бозӣ мекардем. Он кас ду соат пеш омада, грим карда, дар қафои саҳна қадам зада, фикр мекарданд ва ба образ ворид мешуданд, бинобар ин нақшашон барҷаста мебаромад. Ҳозир чӣ? Ҳозир, мутаассифона, кам кор мекунанд. Актёр омада тахтаи эълонро нигоҳ мекунад, мебинад, ки имрӯз банд нест, хурсанд шуда, баромада меравад. Имрӯз дар театрҳои мо ҳатто актёроне ҳастанд, ки 10-15 сол боз бекоранд ва ба саҳна намебароянд. Як чизро набояд фаромӯш кард. Агар актёр як рӯз кор накунад, худаш эҳсос мекунад, рӯзи дигар кор накунад, партнёр мефаҳмад, рӯзи сеюм кор накунад, режиссёр ҳис мекунад ва рӯзи чоруму панҷум тамошобин ҳам мефаҳмад. Бинобар ин дар театр интизом муҳим аст, мисли интизоми ҳарбӣ.
Ҳафтум. Мушкили иқтисодӣ. То ҷое медонем, давлат фақат барои маоши кормандон ва хизмати комуналӣ ба театрҳо маблағ ҷудо мекунаду халос. Мо медонем, ки дар бештари давлатҳои дунё театрҳо дар дататсия ҳастанд, бинобар ин ҳукумат онҳоро ба соҳибкорон вобаста мекунад, то ки онҳо рушд кунанд. Ба ивази ин, дар супоридани андоз ба онҳо имтиёзҳо медиҳад. Вақти он расидааст, ки мо аз чунин таҷриба истифода кунем.
Ҳаштум. Набудани мунаққидони касбӣ. Театр бе мунаққиди касбӣ пеш намеравад. Мо бояд дар хориҷа ё дар дохили кишвар мунаққидонро тайёр кунем.
Нуҳум. Бефаъолиятии Иттифоқи ходимони театр. Ин иттифоқ яке аз иттифоқҳои калони эҷодӣ буд, ки ба он София Тӯйбоева, Ғаффор Валаматзода, Ато Муҳаммадҷонов, Мирзоватан Миров ва солҳои охир Сӯҳроб Мирзоев сарварӣ мекарданд. Он ҳунармандон, режиссёрон ва мунаққидонро муттаҳид мекард, чорабиниҳои мухталиф баргузор менамуд, аммо солҳои охир пурра аз фаъолият монд. Бояд Иттифоқ эҳё шавад, ҳукумат барои он бино ҷудо кунад, он нашрияи худро дошта бошад ва барои рушди театр мусоидат кунад.
Ва ғайра.
Аз «Фирдавӣ» то «Қори-ишкамба»
-Мо касбият, асари баланд ва ҳар чизи дигаре мехоҳем, аз театри Лоҳутӣ талаб мекунем, зеро ин театр лаборатория аст. Гарчанде солҳои охир спектаклҳои суст таҳия мекарданд, мана имрӯз «Фирдавсӣ»-ро ба саҳна гузоштанд. Ин дастовези онҳоро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
-Ман бисёр хурсанд шудам, ки ин театр ба Фирдавсӣ муроҷиат кард. Хурсанд шудам, ки баъди солҳо театр Султон Усмонов барин режиссёр пайдо кард. Ман медонам, ки ӯ ба мушилиҳо дучор шуд, аммо аз ӯҳдааш баромад. Гарчанде, ки ҳоло асар каме кор мехоҳад. Ба ман «Фирдавсӣ»-и Қурбони Собир писанд омад, зеро ӯ ҳам театрро медонад ва ҳам адабиётро дарк мекунад. Нақшҳои Исфандиёр Ғуломов ва Муҳаммадҷон Шодиев низ хуб баромадаанд. Актёрони ҷавон, албатта, каме сусттар буданд, зеро онҳо кам мутолиа мекунанд ва кам заҳмат мекашанд. Шоҳҷоизаи «Парасту»-ро ба даст овардани ин асар ҳам бесабаб нест.
-Аз спектаклҳое, ки чанд рӯзи охир дар «Парасту» дидем, кадомаш ба шумо маъқул шуд?
-«Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд»-и Театри ҷавонон дар таҳияи Нозим Меликов аз рӯйи асари Чингиз Айтматов, «Фирдавсӣ»-и Театри Лоҳутӣ, «Тартюф»-и Маяковский, ва «Қори ишкамба»-и Конибодом. Ман дар инҳо ҳаёти зиндаро дидам.
-Вақте, ки режиссёри Театри Конибодом Муҳиддини Музаффар барои спектакли «Қорӣ- ишкамба» дипломи ҷойи аввалро мегирифт, гуфт: «Ман ифтихор мекунам, ки театре, ки бинои валангор ва ҳамагӣ 250 ҳазор сомонӣ бюджети солона дорад, дар радифи театри опера ва балет, ки дар ин қасри бошукӯҳ фаъолият мекунад ва бюджети солонааш миллион аст, сазовори ҷойи аввал шуд»… Шумо ин лаҳза чӣ эҳсос кардед?
-Ман аз аҳволи бади ин театр огоҳам. Дар бинои вайрона 25 нафар кор мекунанд, ки ҳамагӣ даҳ нафарашон ҳунарпеша ҳастанд. Мо бояд ба ин театр таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунем. Зеро он Тӯҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, Комил Ёрматов барин ҳунарпешаҳои бузургро ба миллати тоҷик ҳадя кардааст ва баъдан номи Тӯҳфа Фозиловаро дорад. Мо чанд сол пеш махсус як студия қабул карда, чор сол дарс дода, се спектакли дипломӣ таҳия карда, ба ин театр фиристодем. Бо вуҷуди душвориҳо ин театр ба «Парасту» ҳамеша спектакли арзишманд меорад.
Ҳукумати Конибодом бояд ба ин театр таваҷҷуҳ кунад ва бо ҷалби тоҷирон вазъи онро дуруст намояд. Мо аз ин театр умеди калон дорем, зеро онҳо хоҳиши кор кардан доранд ва ин аз ҳама муҳим аст. Ман хеле афсӯс хӯрдам, ки ҳайати ҳакамон ба иҷрокунандаи нақши «Қорӣ-ишкамба» Хушнуди Дадо дар баробари дигарон ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро надоданд…
-Яке аз ҳодисаҳои ғайримаъмулии «Парасту-2019» спектакли чорсоатаи «Гамлет» буд, ки Театри Хоруғ онро таҳия кардааст. Нисбати чунин кори классикӣ чӣ назар доред?
-Мо дар давроне зиндагӣ дорем, ки суръати вақт ниҳоят тез аст. Дигар мардум чунин спектаклҳоро таҳаммул карда наметавонад. Чанд сол қабл дар «Нигоҳи нав» аз Қазоқистон «Шоҳ Лир»-ро оварданд, ки 40 дақиқа идома кард ва дар он ҳамагӣ 5 нафар — 3 духтари Шоҳ Лир, худаш ва масхарабоз нақш меофаранд. Он хеле таъсирбахш баромада буд. Методикаи «Гамлет»-и Хоруғ мисли даврони ибтидоӣ аст ва баъдан муассир набуд. Дар он актёрон зиёд дод мезананд ва дод задан танҳо хоси ин театр нест. Қариб дар ҳамаи спектаклҳо ман ин камбудиро мебинам. Охир то доди ҳақиқӣ бояд эҳсос зина ба зина расад, баъд он муассир мешавад. Театр фарёд нест, балки эҳсос аст, ки бояд ба туғён ояд. Театри Хоруғ солҳои охир суст шудааст, қаблан асарҳои нағз меовард. Ман ахборот дорам, ҳоло инҳо кам кор мекунанд, ба номаш дар моҳе ду-се маротиба спектакл нишон медиҳанду халос. Театре, ки номи Меҳрубон Назаровро дорад, бояд сатҳаш баланд бошад… Як чизро мехоҳам ёдовар шавам. Се сол қабл Соро Музофиршоева, хатмкардаи ГИТИС, педогоги ботаҷриба барои ин театр як студияи махсус тайёр карда онҳоро фиристод. Аммо ҳукумати Бадахшон онҳоро дастгирӣ накард ва имрӯз ҳамагӣ як нафар аз он гурӯҳ дар ин театр кор мекунаду халос. Яъне заҳмати чорсолаи донишкада ва пули давлат ба ҳаво рафт.
-Вазъи театрро нигаронкунанда арзёбӣ кардед. Барои наҷоти он чӣ бояд кард?
-Чанд мушкиле, ки ном бурдам, бояд бартараф шаванд. Аз ҳама муҳим мо бояд чанд нафарро барои таҳсил дар режиссура ба хориҷи кишвар фиристем. Баъдан, мо дар вазъияти кунунӣ худамон наметавонем театрамонро аз буҳрон наҷот диҳем, бояд аз хориҷи кишвар режиссёрҳо ва балейтместерҳои нағзро биёрем, мисле ки Мителман, Александрин ва дигаронро як замон оварда будему онҳо театри моро ба сатҳи зарурӣ бароварда буданд.
Рушди театр кори ҳамагонӣ аст. Мутаасифона, дар «Парасту-2019» ман роҳбарони ҳукумат, вазорату идораҳо ва донишгоҳҳоро надидам, ҳатто худи вазири фарҳанг шояд аз серкорӣ ҳамагӣ як маротиба дар толори фестивал пайдо шуданду халос…
Мусоҳиб:
Одил Нозир,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ