Нуқраи гумшударо меҷӯем
Нуқра Ҷӯраева, ки соли таваллудаш 1992, оиладор айни ҳол ҳомила мебошад, аз хонаи хушдоманаш баромада, бо ҳамин бедарак гаштааст. Номбурда сокини ноҳияи Айнӣ, поселаки Зарафшон 1-и вилояти Суғд буда, рӯзи 16 августи соли равон ба самти номаълум рафта, дигар барнагаштааст.
Нуқра бояд ду- се рӯз баъди гум шуданаш таваллуд мекард. Дар ин бора апаи Нуқра, Бунафша ба идораи сомонаи tajikistantimes.tj занг зада хабар дод. Бунафша қайд кард, ки вақте аз ӯ мепурсидем, ки зиндагиаш чӣ тавр аст, хуб мегуфт. Шикояти зиёд намекард.
Тибқи маълумоти хушдоманаш вақти аз хона баромадан дар танаш куртаи паплини кабуд, рӯймоли зард, пойафзоли тобистона, халати хонагии рангаш сиёҳи сангдор дошт. Қадаш тахминан 1,55 -1,60 см лоғарандом буд. Намедонем, ки ӯ худашро ба дарё партофта бошад ё ба куҷое панаҳ бурда бошад, инаш барои мо маълум нест. Агар касе дар ин бора ягон хабар ба даст овард, метавонад ба телефони 92-600-47-09 ба мо хабар диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ