Нуъмонҷон Ғаффорӣ чаро бонги изтироб зад?

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ мегӯяд, аз он ки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” кам иштирок мекунанд, нигарон аст.

Соли равон фақат як нафар аз ДДОТ дар ҷамъбасти озмуни мазкур сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст.

Дар нишасти матбуотии ДДОТ адиб ва журналист Абдурауф Муродӣ ба Нуъмонҷон Ғаффорӣ суол дод, ки чаро донишҷӯёни донишгоҳ, ки омӯзгорони оянда ҳастанд, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” фаъол нестанд? Чаро аз чунин донишгоҳи бонуфуз ҳамагӣ 1 нафар ғолибият ба даст овардааст, ки ӯ ҳам аз факултаи математика аст? Чаро донишҷӯёни факултаҳои гуманитарӣ фаъол нестанд? “Агар ман ректори донишгоҳ мешудам, бонги изтироб мезадам”,- гуфт Абдурауф Муродӣ.

Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар посухи ин савол гуфт, ки ӯ соли гузашта бонги изтироб зада буд, зеро дар соли 2020 аз Донишгоҳи омӯзгорӣ ягон нафар дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” иштирок накарда буд.

“Имсол дар омзуни мазкур 13 нафар аз донишгоҳ иштирок карданд. Дар даври ноҳиявӣ 6 нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва дар даври ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ як нафар — Шабоҳанги Абдусаттор — донишҷӯйи курси сеюми факултаи математика сазовори ҷойи сеюм гардид. Мо кӯшиш мекунем, ки дар солҳои оянда теъдоди иштирокчиён дар ин озмун аз ДДОТ зиёд шаванд”,- гуфт номбурда.

Ба гуфти Нуъмонҷон Ғаффорӣ, таваҷҷуҳи донишҷӯёни ДДОТ ба фанҳои дақиқ зиёд аст. Дар соли гузашта 5 нафар аз донишҷӯёни ин донишгоҳ дар озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *