Нур бояд офарид
Шеърҳояш дар матбуоти даврии кишвар, аз ҷумла дар нашрияҳои адабии «Садои Шарқ» ва «Адабиёт ва санъат» нашр шудаанд. Намунаҳое аз чакомаҳояш ба забони русиву англисӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ ва хатти форсӣ баргардону мунташир гардидаанд.
Толиби Луқмон 26 декабри соли 1990 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 2012 факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Шеърҳояш дар матбуоти даврии кишвар, аз ҷумла дар нашрияҳои адабии «Садои Шарқ» ва «Адабиёт ва санъат» нашр шудаанд. Намунаҳое аз чакомаҳояш ба забони русиву англисӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ ва хатти форсӣ баргардону мунташир гардидаанд.
Соҳиби ду дафтари ашъор – «Сафар ба сӯи тулӯъ» (2012) ва «Пагоҳ» (2015) мебошад. Аз соли 2012 узви ИНТ аст. Дорандаи ҷоизаҳои давлатии «Падида» ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш мебошад.
Модарам меояд
Шаҳр имрӯз дигаргуна фазое дорад,
Кӯча аз бӯи хуши пайраҳаи намхӯрда
Рӯҳбахшой ҳавое дорад.
Осмон низ хабар ёфта аз омаданаш,
Шустушӯ дода хиёбонҳоро,
То чу ояд зи раҳи дур, даме хӯрда ҳаво,
Нафасе рост кунад.
Баргҳо низ чу ман аз ҳаяҷон ларзонанд
Дар сари шохи чинор.
Гӯӣ, огоҳ шуданд:
Пуштибони дилу имдодгарам меояд,
Модарам меояд.
Баски ӯ дар сафари хеш ба сӯи иқбол
Пушти сар карда басо ағбаи сарсониро,
Нақби торики ғаму ҳасрати тӯлониро,
Ағбаву тармааш аз роҳ намедорад ҳеч.
Баста дар бухчаи худ мағзу мавиз,
Балки дар бухчаи худ ҳамраҳи савғотии беш
Таҳ ба таҳ баста ҳама хотираҳои тифлӣ,
Баҳри дидори ман он шедфарам меояд,
Модарам меояд.
То бубинад, ки дар иқлими хунуксери фироқ
Дур аз лонаи гарми падарӣ баччаи ӯ-
Мурғаки кӯчии раҳдур чӣ ҳоле дорад,
То бидонад, ки дар ин даври пур аз озу ниёз
Нозпарвардаи вай дар сари хеш
Чӣ гумонҳову чӣ савдову хаёле дорад,
Хотирошуфта ба даргоҳу дарам меояд,
Модарам меояд.
Эй дил, эй дил, макушо уқдаи ғам дар наздаш,
Дам фурӯ даркашу буғзу аламат пинҳон дор,
То мабодо, ки ба чашмам асар аз ғам бинад,
Гарди андӯҳ ба гулбарги дилаш биншинад.
Илтиҷо мекунамат, ҳадди ақал рӯзе чанд
Гапдаро бошу лаб аз шиква бибанд.
Соате шаҳр зи ғавғову ҳама шӯру шари доимияш
Бозистода кунад бо ҳама ҳастӣ эҳсос
Вазиши форами овози варо.
Соате шаҳри нафасгир зи бӯи газу нафт
Пур-пур аз накҳати райҳон бишавад, вақте бод
Мепарешад ба фазо атри сарандози варо.
Эй калоғони сияҳфол, зи боми хона
Ҷойи худро ба кабӯтар бисупореду равед,
Дигар аз манзили ман дил биканед.
Эй чинорони қадафрохтаи деринсол-
Ошноёни ғаму ҳасрати танҳоии ман,
Шодбахтии маро
Метавонед тасаввур бикунед?
Пушти сар шуд шаби ҳирмон, саҳарам меояд,
Модарам меояд,
Модарам меояд!
Дар қаҳвахона
Даромадам. Бинишастам. Ду қаҳва фармудам…
Ба чашмҳои мусаффои ту фурӯ рафтам.
Бидуни ҳеч сухан, бо забони хоси нигоҳ
Каме зи обу ҳавои дилам ба ту гуфтам.
Даме зи қолаби Вақту Фазо бурун рафтем,
Ба сайри дуртарин воҳаи ҷунун рафтем.
-Ҷаноб, ҳой, бубахшед, кори мо охир…
-Бурид суҳбати моро садои узролуд.
Ту зуд гум шудӣ аз рӯбарӯ шабеҳи шабаҳ
Ва балки он шабаҳи ҳамнишин Хаёлат буд…
Баромадам. Ба шаб овехтам, шабе дилсард,
Нигоҳи ҳайрати хидматгарон гуселам кард.
Оинадори ваҳдат
Аспи обӣ ёлафшон аз фаросӯҳо расид,
Номи ӯ Хингоб шуд.
Хуни дилҳои ниёкон ҷӯш зад, аз гил дамид,
Номи он Сурхоб шуд.
Шихаи Хингоб омад: «Нур бояд офарид»,
Ҷӯш зад Сурхоб: «Вақти иттиҳоди мо расид».
Ин ду рӯди равшанизо то ба ҳам омехтанд,
Тарҳи кохи ормону бахти моро рехтанд,
Номашон Вахшоб шуд.
Ҳолиё Вахшоб хамчун қосиди ваҳдатпаём
Барфурӯзад машъали Роғуни моро бардавом.
Тинати тоҷикро оинадорӣ мекунад,
Ваҳдати тоҷикро суратнигорӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ