“Нур-Отан” “Амонат” мешавад!

Дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби ҳокими «Нур Отан»-и Қазоқистон пешниҳоди тағйири номи он ба «Амонат» баррасӣ гардид. Дар ин бора аз маркази иттилоотии Қазоқистон ба расонаҳо хабар доданд.

Калимаи «амонат» арабӣ буда, дар ин кишвар ба маънии «уҳдадорӣ», «эътимод», «вазифа» ва «ваколат» фаҳмида мешавад.

Истифодаи калимаи «нур» дар номи созмонҳо, барномаҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ дар Қазоқистон дар замони раҳбарии ин кишвар аз сӯйи Нурсултон Назарбоев, ки рӯзи 28-уми январ аз курсии раҳбари ҳизб канор рафт, ба таври густарда истифода мешуд.

Ташаббуси тағйири номи ҳизбро Ерлан Кошанов, раиси маҷлис (палатаи поёнӣ) ироа кардааст.

Дар ин авохир Дариға Назарбоева — духтари Нурсултон Назарбоев низ аз узвияти парлумон истеъфо дод. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *