Нурафшон нур дораду обу роҳ не
Деҳаи Нурафшон яке аз деҳаҳои дурдасти ҷамоати деҳоти Қуштеппаи ноҳияи Темурмалик ба ҳисоб рафта, соли 1950 таъсис ёфтааст. Набудани роҳ ва гузаштан аз болои дарёи Сурхоб, ки ҳангоми баланд шудани сатҳи об хавфнок мегардад, танқисӣ аз оби ошомиданӣ ва ғайра аз ҷумлаи мушкилиҳое ҳастанд, ки беш аз 100 хоҷагии ин деҳаро сарсон намудаанд.
Об, роҳ ё чанд мушкили дигар
Аз деҳаи Нурафшон то маркази ҷамоати Қуштеппа ҳашт километр ва то маркази ноҳияи Темурмалик 70 километр роҳ аст. Барои ба ҷое рафтан ягона роҳи сокинони ин деҳа гузаштан аз дарёи Сурхоб аст. Сокинон тавассути хару асп аз дарё мегузаранд, вале дар ҳолатҳои баланд шудани сатҳи оби дарё ягона роҳи онҳо мушкилгузар ва ҳатто хавфнок мегардад.
Кас агар аввалин маротиба ба Нурафшон ояд, аз зиёд будани хар дар деҳа тааҷҷуб мекунад. Вале, хар дастёри сокинони ин деҳа аст, зеро оби ошомидании худро аз дарёи Сурхоб, ки аз деҳа 1-1,5 км дур аст, тавассути он мекашонанд.
“Аз осмон дастамон канда…”
Муъмин Холмуродов сокини деҳаи Нурафшон аст. Оилаи онҳо 35 сол пеш муқими ин деҳа шуда буданд. Ӯ ба мо аз мушкилоти ҷойдоштаи деҳа қисса кард.
“Мушкили рақами яки сокинони деҳаи мо роҳ ва дуюм об аст. Агар оби дарё баланд шавад, “аз осмон дастамон канда, аз замин поямон канда”-гӣ барин мешавем. Дар ин хел ҳолатҳо аз деҳа баромаданамон мушкил мешавад. Оби ошомидании мо аз дарёи Сурхоб аст, ки дар як рӯз се-чор маротиба бо хару асп мекашем…
Муъмин Холмуродов дар ҳавлии худ ҷойи махсусе барои захираи об омода кардааст. “Дар ин ҷой зимистон оби борону барф захира мекунем ва истифода мебарам. Хоҳ барои кори рӯзмарраи хона ва ё барои ҳайвонҳои хонагӣ. Дар тобистон бошад, обро мехарем”,- мегӯяд ӯ.
Сокини дигари ин деҳа Шоҳрух Маҳмадқулов низ аз набудани роҳу оби ошомиданӣ шикоят кард. “Дарёи Сурхоб хатарнок аст. Чанд маротиба занону кӯдакон ғарқ шуданд, чанд нафари онҳоро наҷот додем. Мардон бошанд, тавассути аспу хар кӯшиш мекунанд, вале барои калонсолону кӯдакон мушкил аст. Ҳоло барои ба ягон ҷой рафтан тавассути хару асп аз дарёи Сурхоб гузашта, тавассути деҳаҳои Тосқалъа ва Кадучӣ ё ба Восеъ меравем, ё ба Темурмалик. Асосан мардум эҳтиёҷоти худро аз Восеъ ва маркази ноҳия мебароранд. Ғайр аз ин, кӯдакони мо як майдончаи варзишие надоранд. Дар ҷойе чӯберо ба замин зада, бозӣ мекунанд”,- мегӯяд ӯ.
Як хоҳиш аз “Мегафон”
Сокини дигари ин деҳа Сайфиддин Турсунов нафақагир аст. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт: “Асри 21-ро асри технология мегӯянд, вале мо, сокинони ин деҳа аз ин чиз қафо мондаем. Ҳозир дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо интернети хуб кор мекунад, тавассути интернет мушкилиҳои худро ҳал мекунанд, бо фарзандони худ, ки дар муҳоҷират ҳастанд, суҳбат мекунанд. Ба ғайр аз ин, имрӯз бо интернет ҷавонон илм меомӯзанду касб аз худ мекунанд. Бисёре аз сокинони деҳаи мо аз симкорти “Мегафон” истифода мебаранд. Чун бисёре аз фарзандони сокинони деҳа дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд, хоҳиши мо ҳамин аст, ки ширкати “Мегафон” дар деҳаи мо як мавҷпарокан насб мекард. Ҳозир мо барои суҳбат кардан бо интернет қариб як-якуним километр ба болои теппа мебароем, то фарзадонамон 10-15 дақиқа бо падару модару наздиконашон суҳбат кунанд. Дар деҳа натанҳо интернет, ҳатто зангҳои оддӣ ҳам мушкилӣ дорад. Дар ҳар хона чанд адад симкорт истифода мебаранд. Масалан, мо дар оила чор нафар симкорти ширкати “Мегафон” дорем ва пардохтҳои ҳармоҳаро месупорем”.
Умедворӣ…
Чуноне, ки сокинони деҳа гуфтанд, дар деҳа шабонарӯзӣ барқ ҳаст, вале трансформатору симчӯбҳо фарсуда шудаанд ва дар ҳолатҳои шамоли сахт шикастану чаппа шуданашон мумкин аст. Баъзе симчӯбҳоро сокинони деҳа бастаанд, то наафтанд, ки ин гувоҳи гуфтаҳои болост.
Сокинони ин деҳаи дурдаст дигар мушкилиҳо низ доранд. Дар деҳа як мағозаи хӯрокворӣ аст, ки ниёзҳои рӯмарраи онҳоро бароварда намекунад. Сокинони деҳа маҳсулоти рӯзгори худро аз маркази Восеъ мехаранд. Агар дар деҳа ягон нафар бемор шуд, боз роҳи маркази ноҳия ё Восеъро пеш мегиранд.
Мардуми деҳа мегӯянд, ки агар бартарафнамоии чанд мушкилии дар боло зикршуда бо дастгири ҳукумати кишвар ва ноҳия оғоз шавад, онҳо низ ҳиссаи худро мегузоранд.
Идибеки САИД,
Нуриддини ШАМСИДДИН,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ