Нуралӣ Аюбӣ падари Зафар Аюбӣ даргузашт

Самирҷони Зафар як корбари шабакаи иҷтимоии фейсбук дар саҳифаи худ аз вафот кардани Нуралӣ Аюбӣ хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Нуралӣ Аюбӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, бародари шоири зиндаёд Сафармуҳаммад Аюбӣ ва падари овозхони машҳури зодаи Кӯлоб Зафар Аюбӣ, мебошад.

Самирҷони Зафар Нуралӣ Аюбиро «устоди хирадманду меҳрубон ва хоксору донишманд” тавсия карда, навиштааст: «Ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо дур намешавад он ҳама панду насиҳатҳои падаронаатон. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб як ганҷи бебаҳояшро аз даст дод. Афсӯс…”

Писари ӯ Зафар Аюбиро низ, ки бештар бо таронаҳои тӯёнааш маъруф аст, рӯзи 12 май пеш дар ҳолати вазнин бо аломатҳои илтиҳоби шуш (пневмония) ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба коронавирус аз Кӯлоб ба Душанбе оварда, дар клиникаи ба номи Мансуров бистарӣ карда буданд. Ӯ то 20 май дар клиникаи Мансуров таҳти табобат қарор дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *