Нуралӣ Эмомалӣ — ҷавонҷаҳонпаҳлавон аз Тоҷикистон
Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон 10-уми август дар шаҳри Гуаякили Эквадор оғоз гардид, ки дар рўзи аввали он паҳлавони ҷавони тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ сазовори медали тилло шуд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар чемпионат 373 варзишгар (208 писар, 165 духтар) аз 63 кишвар иштирок доранд. Тоҷикистонро 6 варзишгар миёни писарон дар Эквадор намояндагӣ мекунанд, ки инҳо Нуралӣ Эмомалӣ (-66 кг), Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Суннатулло Лоиқов (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг), Эмомризо Анварзода (-100 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) ҳастанд.
Нуралӣ Эмомалӣ дар қувваозмоиҳои вазни -66 кг дар даври аввал бар намояндаи Италия Валерио Аккоглӣ, дар даври дуюм бар варзишгари Фаронса Максиме Моунданга, дар чорякфинал бар Муҳаммад Демирел аз Туркия, дар нимфинал бар Раду Извориану аз Молдова ва дар финал бар Азизбек Ортиқови ўзбекистонӣ дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро сазовор гардид.
Нуралӣ дар баробари медали тилло 2500 доллар ҷоиза дарёфт кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ