Нурбибӣ Мансуроваро хабарнигори «Оила» пешвоз гирифт

Мо дар шумораи гузаштаи “Оила” саргузашти талхи Нурбибӣ Мансурова-модари серфарзанди тоҷикро пешкашатон гардонида будем, ки ба хотири дарёфти қути лоямут ва ризқу рӯзии кӯдаконаш ба Арабистони Саудӣ коркунӣ рафта, ғуломи шайхи араб гаштааст.

Ширкати “Имкон-2015” Нурбибиро дар қатори дигар занҳои зудбовари тоҷик бо ваъдаҳои осмонӣ ба кишвари араб бурда буд. Аз рӯйи гуфти кормандони ин ширкат вазифаи Нурбибӣ Мансурова дар Арабистон танҳо нигоҳубини як пиразани бемор буд ва мебоист бар ивази ин хизматаш 10 ҳазор доллари амрикоӣ закот (хайрия) ва ҳар моҳ 600 доллар маош бигирад. Ба Нурбибӣ ҳамчунин зиёрати  Каъбаро  ваъда дода буданд. Бо умеди беҳдошти зиндагии фарзандонаш ва ҳаҷ карда, ҳоҷибибӣ шудан Нурбибӣ Мансурова дар шартномаи меҳнатӣ имзо гузошта, ба Арабистони Саудӣ рафт, вале…

Ваъдаҳои ширкати “Имкон-2015 ” саросар хом баромаданд. Нурбибӣ Мансурова дар кишвари араб ба ғулом ё канизаки ҳақиқӣ табдил ёфт. Ҳанӯз рӯзи аввали ба мулки араб расиданаш пиразане, ки Нурбибиро ба ӯ парастор таъин карда буданд, ин зани тоҷикро бераҳмона зада хуншор кард. Пас аз ин Нурбибӣ Мансуроваро як шайхи сарватманди араб ба сифати хизматгор ба хонааш бурд. Аҳли оилаи шайх, ки Абу Ҷамол ном доштааст, нисбати ин зани тоҷик зулму ситами зиёдеро раво дида, мӯйҳои сарашро қабза-қабза аз сараш канда мегирифтаанд. Ба гуфти худи Нурбибӣ дар мулки араб ӯ баробари як саг қадр надошт ва ба тӯби футбол табдил ёфта буд, худи шайх ӯро бо швабра мезад, занаш Асмоа ва духтаронаш бошанд, зада маъюбаш карданд. Ҳоли зори ин зани тоҷик бо кӯмаки як ҷавонзани дигари тоҷик, ки чанд сол боз дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ карда, муқимии ин кишвар будааст, тавассути шабакаи умумиҷаҳонии интернет дастраси омма гашт.

Кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо талошҳои зиёд ҳафтаи равон ин зани тоҷикро аз ғуломии шайхи араб озод намуданд.

Ба мо муяссар гашт, ки бо Нурбибӣ Мансурова аз наздик ҳамсуҳбат гашта, таассуроташро пурсон шавем.

-Апаи Нурбибӣ ба Ватан хуш омадед! Ниҳоят пас аз як солу ду моҳи хорию зориҳо шумо боз дар диёри аҷдодии худ ҳастед. Мехостем донем, ки чӣ ҳиссиёте шуморо фаро гирифтааст?

ахт дар ҳаяҷонам, боварам намеояд, ки ман боз дар ватани худам, дар хоки поки Тоҷикистон, дар канори фарзандони зебоям ҳастам. Бовар кунед, пойҳоямро дигар ҳис намекунам, аз хурсандӣ гӯё болу пар бароварда, парвоз карда истодаам…

-Гиряву зориҳоятонро тавассути сомонаҳои интернетӣ тамошо карда, диламон ба ҳоли шумо сахт месӯхт. Бовар доштед, ки рӯзе сиҳату саломат ба Ватан, ба назди кӯдаконатон бармегардед?

Ягона чизе, ки маро зинда нигоҳ медошт, ин орзуи дидори Ватан ва ҷигарбандонам буд.  Шабу рӯз Худоро зорӣ мекардам, ки як бораки дигар дидани рӯйи фарзандонамро ба ман насиб гардонад, баъд мурам ҳам, дигар ормон надорам, вале боварӣ надоштам, ки рӯзе ман аз он касофатхона халос мешавам. Хушбахтона дуоям мустаҷоб гашт ва акаи Саидҷону дигар кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Арабистон маро аз он дӯзах бароварданд. Барои маро аз чанголи он одамони золим халос карданашон аз кормандони сафорат як умр  миннатдорам. Илоҳо дар пояшон хоре нахалад!

Дар Ватан шуморо кӣ пешвоз гирифт?

Кормандони Вазорати корҳои дохила ва фарзандони нозанинам маро бисёр меҳрубонона пешвоз гирифтанд. Вақте кӯдаконамро дидам, беихтиёр дар чашмонам ашк ҳалқа зад, вале ин ашки шодӣ буд. Шукрона кардам, ки ба дидори азизони дилам расидам.

-Ҳафтаи гузашта саргузашти талхи шуморо дар газета чоп карда будем…

Ман аллакай “Оила”-ро хондам. Бисёр хурсанд шудам, ки ҳақиқатро навиштед.

-Акнун бо чӣ кор машғул шуданиед?

-Дигар поямро аз дари хонаам як қадам ҳам ба берун намегузорам. Сари кӯдаконамро бо меҳр сила карда мешинам.

Шумо 22 фарзанд ба дунё овардаед ва ҳоло 15 нафарашон зиндаву саломатанд. Ин қадар кӯдаки бисёрро чӣ хел саришта мекунед?

Ман ягон вақт аз фарзандонам ношукрӣ накардаам, баръакс Худоро шукр мегӯям, ки ба ман ҳамин хел кӯдакони гул барин хушрӯю боақлро насиб дидааст. Ба хотири ҳаминҳо ман ба мулки араб рафтам, то ки бачаҳоямро хононам. Писарам донишҷӯ аст, мехостам ҳарду  духтарамро, ки мактабро хатм кардаанд, хононда соҳиби маълумоти олӣ гардонам, то ки фарзандонам дар оянда дастгирам шаванд. Давлатро Худо дар пирӣ диҳад гуфта, ба умеди дар оянда роҳати фарзандонро дидан ба мулки бегона рафта, ғулом шудам…

Номҳои фарзандонатон дар хотиратон мемонад ё ба қавли русҳо баъзан онҳоро “перепутат” мекунед?

-Ман модар ҳастам, наход, ки номи фарзандонам аз ёдам барояд?! Модар ҳатто бо чашмони баста фарзандонашро мешиносад!

-Шустани сару либоси 15 фарзанд, хӯрокпазӣ, рӯфтану шустан ба ин қадар кори бисёр чӣ хел дастатон мерасад?

Дар хонаи худам ман қариб, ки кор намекунам. Тамоми кору бори хонаро фарзандонам худашон саришта мекунанд. Худованд ба ман бисёр духтару бачаҳои қобилу чаққон додааст, онҳо намемонанд, ки ман дастамро ба оби хунук занам.

Шавҳаратонро дӯст дошта гирифтед ё…?

Вақте ки маро ба шавҳар доданд, нав ба 14 қадам гузошта будам ва дар мактаб мехондам. Он вақт чӣ будани ишқу муҳаббатро намедонистам, вале баъд оҳиста-оҳиста ба шавҳарам одат карда, дӯсташ доштам. Падари фарзандонам аст, чӣ хел ман ӯро дӯст надорам?!

-Ба хонандагони мо чӣ гуфтаниед?

-Ба занҳои тоҷик гуфтаниям, ки ба ягон ширкат бовар накунанд. Хоҳарон, модарон, духтарон ва дугонаҳои азиз, аз мулки худ ношукрӣ накунед! Ман ба гапҳои дурӯғ бовар кардам, фирефтаи ваъдаҳои осмонӣ шуда ба мулки мардум рафтам ва ғулому хору зор шудам, шумо ҳеҷ гоҳ хатои маро такрор накунед. Ҳамааш сафсата асту халос. Дар диёри бегона дарахти пул намерӯяд, ки аз шохаҳояш бемалол доллар чида ба хонаатон биёред! Худованд ризқи бандаашро медиҳад. Шукри Ватани ободу зебою осудаамонро карда, аз ҳамсар ва оилаю фарзандонатон ҳатто як қадам дур наравед!

Шаҳлои Наҷмиддин,
Фирӯза Сатторӣ,
махсус барои “Оила”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *