Нуриддин Қаюмов: Тоҷикистон метавонад 30 миллион аҳолиро бо ғизо таъмин намояд, агар…

Академик Нуриддин Қаюмов 85-сола шуд. Ба табрики олими шинохтаи иқтисод ба манзилаш омадем. Ӯро танҳо, аммо дар ҳуҷраи барҳаво, ки китобҳои зиёде болои мизаш гузошта шуда буданд, дарёфтем. Аслан, суолҳо атрофи шахсият, роҳҳои тайнамудаи академик Нуриддин Қаюмов, вазъи илми иқтисод, омода намудани шогирдон дар ин самт буданд. Аммо суҳбати мо маҷрои дигар гирифт: мушкилоти иқтисод, изофанависии масъулин ва оқибатҳои он…

— Нуриддин Қаюмович, 85-солагӣ муборак!

— Ташаккур, ки фаромӯш накардед. Ҳозир замон дигар шудааст. Имрӯзро медонанду пагоҳ чӣ мешавад, гузашта чӣ буд, намедонанд. Чуноне ки гузаштагони куҳан гуфтаанд, он чӣ мо тавонистем, кардем. Он чӣ накардем, бигзор дигарон оянду беҳтару хубтар анҷом диҳанд. Дар вақташ супоришҳои ҳукуматӣ буд, пешниҳод кардем, амалӣ шуд. Ҳоло нафақагирам. Аммо академикҳо ба нафақа намебароянд, кори илмӣ мекунанд, шогирд тайёр мекунанд. Яъне, вақтро зоеъ намекунам.

— Ҳамоиш бахшида ба 85-солагиатон дар куҷо гузашт?

— Ҳеҷ ҳамоише баргузор нашудааст. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод кард, аммо рад кардам. Чанд моҳ пеш як додари донишмандам дар як садама ба ҳалокат расид. Хеле ҳалиму меҳрубон буд. Касе ҷойи ӯро гирифта наметавонист. Бинобар ин, ягон ҳамоиш ва хурсандӣ дар дилам намеғунҷид. Агар мешуд, мардум айб мекарданд.

— Аз умри рафта қаноатмандед?

— Инсон ҳеҷ гоҳ қаноатманд намешавад. Хусусан, дар айёми ҷавонӣ доим пешро нигоҳ мекунед, ки кадом корро анҷом диҳед. Дар синну соли муайян боз ба қафо менигаред, ки кадом корро анҷом додаеду кадом амалро не. Агар фикр кунед, имрӯз мушкилот зиёд аст. Масъалаҳои иқтисодиро дар назар дорам. Аммо, рости гап, доир ба муаммоҳои иқтисодиёти кишвар кам ба мо муроҷиат мекунанд. Ҳол он ки, дар вақташ барномаҳои хубро тарҳрезӣ карда будем, ки ба манфиати кишвар ва халқ буданд. Ҳоло, мутаассифона, барномаҳои иқтисодӣ ба таври сарсарӣ тарҳрезӣ ва қабул мешаванд. Оқибати ҳар корро фикр карда, баъд тасмим гирем, беҳтар аст.

— Шумо солҳо мушовири Президент, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ будед ва дар дигар ниҳодҳо вазифаҳои масъулро бар зимма доштед. Худро бештар дар куҷо дарёфтед?

— Замони шӯравӣ дар Институти банақшагирӣ. Солҳои дароз директор будам. Кораш вазнин, аммо самаровар буд. Ягон вақти холӣ надоштем. Пайваста кор буд, ки маҳсулашро медидем. Агар нақшаи 5-сола тасдиқ намешуд, аз куҷо тараққиёт мешуд? Ҳамон замон рушди иқтисоди Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои шӯравӣ пешқадам буд. Ҳатто яке аз иқтисодчиёни СММ гуфта буд, ки Тоҷикистон ба қатори кишварҳои тараққикарда дохил мешавад. Баъдан, моро як сӯ гузоштанду гуфтанд, ки ба ҷойи саноат хоҷагии қишлоқ тараққӣ дода шавад. Ҳозир бубинед, ки масъалаи банақшагириро Амрико ба роҳ монда истодааст. Чунки банақшагирӣ яке аз муваффақиятҳои СССР буд. Ҳамин сабаб ҳам шуд, ки СССР дар ҷанги дуюми ҷаҳон ғалаба кард. Инро на танҳо ман, балки хориҷиҳо ҳам мегуфтанд.

— Имрӯз дар иқтисодиёти мо банақшагирӣ вуҷуд дорад?

— Албатта, фикру мулоҳизаҳо мекунанд ва иқтисод пеш рафта истодааст. Дар ҳаҷми 6-7%. Аммо камбудиҳо низ ҳастанд. Чунки сифати кор номаълум аст. Рушд ҳаст, аммо ММД ҳамон тавре ки ҳаст, боқӣ мондааст.

— Баъзан дар мо изофанависӣ мавҷуд аст. Борҳо дар расонаҳо масъулине, ки даст ба ин амал мезананд, мавриди интиқод қарор мегиранд…

— Як ҳодисаро бароятон мегӯям. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо коллегия доир шуд ва дар он ҷо собиқ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҳузур дошт. Дар коллегия аз тамоми вазоратҳои калидӣ намояндагон даъват шуда буданд. Чандин масъули вазорат, аз ҷумла раиси Агентии омор баромад карданд. Навбат ба ман расид. Он замон гуфтам, ки корҳое имрӯз шуда истодаанд, вақташ меояд, дарди сари Ҳукумат мешавад. Охир, 4 кило истеҳсол кунанду 100 кило нависанд, ин чӣ мешавад? Оқибати ҳар корро фикр кардан лозим аст. Азбаски дар дастам маълумоти оморӣ доштам, бо далел гуфтам. Як мисол овардам. Яке аз пайвандонам дар шаҳри Исфара директори институти истеҳсоли тамоку буд. Нақл кард, ки ба ҳукумати шаҳр маълумот медиҳанд, ки 1 миллиону 500 ҳазор тонна тамоку истеҳол шудааст. Ҳол он ки, маълумот дурӯғ будааст ва завод кор намекунад, дараш қулф аст. Вақте ки маълумот ба ҳукумат мерасад, мегӯянд, ки ин чӣ хел омор, ки бузургтарин корхона дар шаҳр аст. Мегӯянд, ки ин кам аст, 10 миллион нависед. Баъдан ҳисоботи дурӯғ ба ҳукумати вилоят мерасад. Инҷо мегӯянд, ки 10 миллион чӣ аст, 20 миллион нависед. Баъдан ба вазорат ва дар натиҷа ба 50 миллион мерасад. Ана, оқибати изофанависию омори бардурӯғ. Чунин мисолҳо зиёданд. Охир ин ҳам ба ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ворид мешавад. Ин гапҳоро ба Оқил Оқилов ҳам гуфтам. Ӯ ба фикри ман розӣ шуд.

Борҳо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисҳо изҳор дошт, ки масъулин изофанависиро бас кунанд. Ин амалҳои нангинро нест бояд кард. Вақте ки кор бошад, даромад ва сатҳи зиндагӣ беҳтар мешавад. Ин даромад ба буҷет низ мешавад.

— Аз нигоҳи шумо, мушкилоти иқтисоди Тоҷикистон чист?

— Набудани ҷойи кор ва кам будани маоши моҳона. Ҷои кор бошад, ки мардум ҷалб шаванд. Ҳар як мамлакат шароити худ ва сарчашмаи даромади асосӣ дорад. Масалан, пахта ва алюминийро мегирем. Дар вақташ мо даромади асосиро аз пахта мегирифтем. Ба мо супориш шуда буд, ки таҳлил кунем, ки чӣ қадар пахтаро ба берун бароварда метавонем. Зеро дар дигар мамлакатҳо нест.  Баъд аз ин тиллову дигар захираҳои табиӣ меистанд. Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои бойтарини дунё аз ҳисоби захираҳои табиӣ мебошад. Ба табиати Тоҷикистон ғамхорӣ кардан лозим аст.

— Ӯзбекистон ҳаҷми воридоти пахта аз Тоҷикистонро тақрибан се баробар афзоиш додааст. Бино ба хабарҳои охир, дар нимаи аввали соли 2022 беш аз 6,6 ҳазор тонна пахтаи Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон харидорӣ шудааст. Ин хуб аст?

— Ин ҳам камбудии мост. Дар гузашта ба ивази маҳсулоти хом мо аз хориҷ маҳсулоти тайёр мегирифтем. Акнун имрӯз замона дигар шудааст, бояд худамон истеҳсол кунем. Дар комбинати “Текстил” 15 000 коргар дар се баст кор мекарданд. Ҳоло чӣ? Ин рақам ба маротиб кам аст. Магар имкони барқарор кардан нест? Албатта, ҳаст. Пахта, қувваи корӣ, барқ дорем. Фақат ягон маҳсулоти химиявӣ мемонад, ки метавонем аз берун ворид намоем. Вақти он расидааст, ки либоси тайёр истеҳсол кунем. Мо баръакс, пахта медиҳем ва аз берун бо 10 маротиба даромади бештар либос мефурӯшанд. Ин чӣ маъно дорад? Бояд худамон маҳсулоти тайёр истеҳсол намоем. Баъд аз куҷо мардум бой мешаванд? Ин камбудӣ аст, аммо, мутаассифона масъулин сари ин масъала андеша намекунанд.

— Дар суҳбате иброз дошта будед, ки Тоҷикистон имкон дорад 25 то 30 миллон аҳолиро бо ғизо таъмин намояд. Ин андешаи шумо аз рӯи кадом далел аст?

— Бале, захираҳои дохилии Тоҷикистон барои бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ кофиянд. Солҳои 80-уми қарни гузашта, замони раҳбарӣ дар Пажуҳишгоҳи иқтисодии Госплани ҶШС Тоҷикистон Госплани Иттиҳоди Шӯравӣ моро уҳдадор кард, ки имконоти Тоҷикистонро ҷиҳати то чӣ қадар аҳолиро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин намудан аз ҳисоби захираҳои дохилӣ муайян намояем. Он замон мо бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмӣ таҳлилҳо гузаронида, ба хулоса расидем, ки Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилии худ 25-30 млн нафарро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин карда метавонад. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки он вақт аҳолии кишвар аз 5 млн нафар зиёд набуд.

Имрӯз бисёр кишварҳои дунё бо қаламрави аз Тоҷикистон камтару аҳолии бештар аз Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилии худ аҳолиашонро бо маҳслуоти ғизоӣ таъмин мекунанд. Агар рӯйи ин масъалаҳо мо ҳам ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем, аз уҳдаи иҷро мебароем.

Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА

МАЪЛУМОТНОМА

Нуриддин Қаюмов олими шинохта, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар риштаи иқтисод буда, дар самтҳои сиёсати давлатии иқтисодии Тоҷикистон дар давраи гузариш, назария ва амалияи самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, рушд ва ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолӣ, барқароршавӣ ва пешрафти иқтисоди бозоргонӣ, асосҳои илмии ҳамгироии иқтисодиёти Тоҷикистон дар иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолияти илмӣ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *