Нуриддин Раҳмонро дар канори волидайнаш ба хок супориданд
Нуриддин Раҳмон (Нуриддин Раҳмонов), бародари 67-солаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бар асари сактаи қалб даргузашт, субҳи 8-уми октябр дар мазори Мавлоно Тоҷиддини ноҳияи Данғара дар канори қабри волидонаш ба хок супурда шуд. Шаби гузашта барои видоъ бо ӯ раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи хонаводааш ба ноҳияи Данғара рафт.
Хабарнигорон аз Данғара гуфтанд, ки даҳҳо мақомдори тоҷик низ барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи раиси ҷумҳур ба онҷо рафтаанд. Аммо хабарнигоронро нагузоштаанд, ки маросими видоъ ва дафни Нуриддин Раҳмонро аз наздик наворбардорӣ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ