Нуриддин Саид бо супориши Президент тӯй кард

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, хароҷоти тӯйи Матлуба Раҳимова, овозхони шинохтаи тоҷик, ки ҳафтае пеш издивоҷ кард, пардохт шуд.

Матлуба Раҳимова, ки модарзодӣ нобино асту бо садою ҳунари худододаш дили мухлисонро тасхир намудааст, ҳафтаи пеш бо ҷавони дӯстдоштааш издивоҷ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳанӯз чанд соли қабл зимни тақдими хона бо тамоми ҷиҳозаш ба Матлуба Раҳимова ваъда додааст, ки хароҷоти тӯйашонро низ пардохт хоҳанд кард.

Дар навори тӯйи Матлуба Раҳимова, масъуле зимни табрики навхонадорон, гуфт, ки бо дастури президенти Тоҷикистон, Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои кишвар бо аҳли кормандон хароҷоти тӯйи Матлуба Раҳимоваро пардохт намуд.

Раҳимова, соли 1987 дар ноҳияи Ёвон зода шуда, феълан овозхони дастаи “Фалак” мебошад. Ӯ соли 2008 маҳз дар ҷашнвораи “Фалак” бо овозхонияш шинохта шуд ва бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, Асадулло Раҳмон, раиси вақти Кумитаи телевизион ва радио ба ӯ хона бо тамоми ҷиҳозро тақдим кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *