Нуриддин Саид: Бо вазорати маорифи Ӯзбекистон қарордод хоҳем баст

Зимни сафари Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон миёни вазорати маорифи кишвари ҳамсоя ва вазорати маориф ва илми ҷумҳурии мо бастани чандин қарордод дар назар аст. Ин нуктаро вазири маориф ва илми кишвар Саид Нуриддин Саид, зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш ба рӯзноманигорон ироа кард.
Саид Нуриддин гуфт: “Мо барои бастани ҳусни тафоҳум бо вазорати маорифи кишвари ҳамсоя омодагӣ дидаистодаем ва зимни сафари Шавкат Мирзиёев он имзо хоҳад шуд”
Вазир мӯҳтавои қарордодро шарҳ надод, аммо як манбаъ аз вазорати мориф ба мо иттилоъ дод, ки ин қарордод дар мавриди таъмини мактбаҳои Ӯзбекистон бо китоби дарсӣ ва ҳамкорӣ миёни муассисаҳои олии ҳамсоякишварҳо хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *