Нуриддин Саид: Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ берун аз рӯйхати МТС ҳуқуқи қабули донишҷӯро надоранд

Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вохӯрии намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ва котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи вохӯрӣ вазири маориф ва илм Нуриддин Саид суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз ин ҳамоиш, пеш аз ҳама, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва шинос намудани роҳбарону котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимӣ бо тартиби тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ мебошад.

-Аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хоҳиш карда мешавад, ки қабулро ба муассисаҳои таълимӣ танҳо дар асоси рӯйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монанд,-қайд кард Нуриддин Саид.

Агар ин ё он муассисаи таълимӣ нақшаи қабулро иҷро накард, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбари муассиса корҳои таблиғотиву муаррифии ихтисосҳоро дуруст ба роҳ намондааст.

Дар идомаи суҳбат вазири маориф ва илм Нуриддин Саид вобаста ба қабул намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил аз тариқи суҳбат, дар доираи қонунҳои амалкунанда ба роҳ мондани интиқоли донишҷӯён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, баргузор намудани тақсимоти такрорӣ дар Маркази миллии тестӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин, муовини вазири маориф ва илм Б. Одиназода, муовини директори Маркази миллии тестӣ С. Ҷаъфаров, сардори шуъбаи кор бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Маркази миллии тестӣ М. Шодиев суханронӣ намуда, ҳозиринро бо тартиби бақайдгирии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ, дуруст ба роҳ мондани тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ошно карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи Нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 54827 ҷой ҷудо шуда, 83597 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридааст, ки аз ин теъдод 48053 нафар писар ва 35544 нафар духтар мебошад. Аз теъдоди ҳуҷҷатсупорандагон беш аз 78 ҳазор ба имтиҳонҳо ҳозир шуда, 59 ҳазор холи зарурӣ ба даст овардаанд.

Дар ин бора  Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *