Нурмуҳаммадзода:Шояд роҳбарони бонкҳо иваз шаванд

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, роҳбари Бонки Миллӣ дар нишасти хабарӣ ба саволи хабарнигори “Тоҷикистон таймс” дар мавриди он,ки банкоматҳо ба хотири  ба даст овардани даромади иловагӣ барои маълумот додан оид ба  маблағи боқимондаи муштарӣ маблағ мегиранд, дастур дод, ки масъулони ин банкоматҳо шикояти муштариёнро ба инобат гирифта, чунин тартиботро аз байн бардоранд.

Раиси Бонки Миллӣ дар ин нишасти хабарӣ аз афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ пуштибонӣ кард. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, барои афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣӣ дар кишвар чаҳор ҳазор терминали нави пардохт насб мешавад. Ба гуфтаи ӯ, феълан миқдори онҳо 1500 адад аст.Ҷамшед Нурмаҳаммадзода аз фурӯши евробондҳои Тоҷикистон ба маблағи 500 миллион доллар пуштибонӣ кард ва гуфт, харидорон алоқаманди фурӯши ин коғазҳои қиматнок ба маблағи чаҳоруним миллиард доллар будаанд. “Ба ин далел, дар сурати зарурӣ Тоҷикистон омодааст миқдори иловагии евробондҳоро ба фурӯш барорад”, — афзуд Ҷамшед Нурмуҳаммадзода.Раиси Бонки Миллӣ гуфт, феълан дар Тоҷикистон омодагӣ барои таъсиси бонки исломӣ идома дорад ва аз ҷумла ба гуфтаи вай, Бонки рушди Тоҷикистон ва «Тоҷиксодиротбонк» алоқаманди гузариш ба ин навъи бонкдорӣ ҳастанд. Дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба вазъи молии ду бонки мушкилзо – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” гуфт, ки машваратҳо идома доранд ва эҳтимол дар ин бонкҳо «низоми идораи берунӣ» роҳандозӣ шавад ва раҳбарияти бонкҳо иваз гарданд. Дар маҷмӯъ вай афзуд, низоми бонкҳои Тоҷикистон дар 2-3 соли оянда комилан солим шуда, ба фаъолияти маъмулӣ бармегардад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *