Нуробод: Муаллимон ба куҷо рафтанд?
Яке аз мушкилиҳои дарднок дар ноҳияи Нуробод нарасидани муаллимон дар мактабҳо мебошад. Қариб дар ҳама фанҳои асосӣ муаллимони ихтисоснок намерасанд.
Барои нурободиҳо ҳоло 21 нафар муаллими забони хориҷӣ, 21 нафар муаллими математика ва 13 нафар физикаю 14 нафар муаллими забону адабиёт зарур аст.
Таври маълум, аксаран муаллимони ихтисоснок тарки касб намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Барои ҳалли ин мушкил, тавре раиси ноҳия Додоҷон Ҷобирзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳукумати маҳаллӣ кӯшиш дорад, ки шароити зиндагии омӯзгоронро беҳтар намояд, то онҳо ба мардуми маҳали худ хизмат кунанд, на дар хориҷ аз Ватан, дар сохтмонҳо кор кунанд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки тақрибан 1000 ҷои нишаст барои хонандагони мактабҳо намерасад ва айни замон ин мушкил бо роҳи сохтани синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳо то андозае ҳал гардида истодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ