Нуров хостгори духтарашро кушта, 14 сол ҳукм гирифт

Судяи суди вилояти Хатлон Нурмуҳаммад Нуров сокини ноҳияи Панҷ, ки зимистони имсол хостгори духтараш Хуршед Ғолибовро кушта буд ба 14 соли зиндон маҳкум кард, иттило медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Тавре манбаъ хабар медиҳад:

“Хуршед ба Дилафрӯз ошиқ шуда, моҳи октябри соли гузашта ба хонаи онҳо хостгор мефиристад. Падари духтар Нурмуҳаммад Нуров қатъиян розӣ набуд, ки духтараш ба ин ҷавон ба шавҳар барояд. Илова бар ин, моҳи декабри соли гузашта ӯ ҷиҳати ба хеши наздикаш Суҳроб Бобохонов хонадор шудани Дилафрӯз розигӣ дода буд”.

Ғолибов аз ин хабардор шуда, ба Нуров телефон мекунад ва мегӯяд, ки бо духтараш се сол инҷониб муносибатҳои ошиқона дорад ва барои оила барпо намудан бо духтараш иҷозат диҳад.

“Рӯзи 24 январи соли равон Хуршед Ғолибов бо номзади имконпазири духтар Суҳроб Бобохонов ба хонаи Нурмуҳаммад Нуров меоянд. Ғолибов назди шоҳидон такрор мекунад, ки бо духтар се сол боз муносибати ошиқона доранд, вале Дилафрӯз инро рад мекунад. Ин замон падари духтар ба қисмати гардани Ғолибов ду маротиба бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷавон ҳалок мешавад”, — қайд мешавад дар маълумот.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *