Нурулло Ҳасанов: Мо миллати лаҷомгусастаем?

Як чиз парадокс аст: то асри IX  мо тоҷикон – ориёиҳо ҳамчун миллати ғаюр, далер, ҷанговар, фотеҳ, мағлубнопазир, ба қавле тоҷ ё шоҳи дигар халқу кишварҳо будаем.

Ва ёздаҳ асри охир аз Рӯдакии бузург сар карда, то Айнию Турсунзода, Лоиқу Бозор Собир, то ҳазорҳо адибони дигарамон  ба милати  фақиру ҳақиру нотавон, мазлум, аз ҳама асосиаш пандшунав табдил ёфтаем. Бузурге нест, ки моро насиҳат накунад: босабру ботаҳамул бош, ба кам қаноат кун, ҳасад мабар, итоаткор бош, ҳаволаи зӯру муштзӯру ҷинояткор, дузду роҳзанро ба Худо намо,  хонаам коза (хаспӯшак) бошад дилакам тоза бошад, сабр кунї, аз ғӯра ҳалво мешавад, ба худододагон ситеза макун, ки онҳоро Худо додааст ва миллионҳо мисолҳои дигар. Шояд тарсўї, беистеъдодї, беҳунарї, дастнигарї, муҳтоҷї, хушомадгўї, мадҳиясароиҳои ба ифрот табдилёфтаи мо аз ҳамон насиҳати бисёр бошад. Ягон халқияту миллати дунё (шояд ду – се миллати ба мо насиҳатшунав бошад?) ба монанди мо андарзу панду масал надошта бошад.

  Ҳазору як афсӯс аз он мехӯрам, ки чаро ба мисли англису амрикої, русу шведҳо, норвегию олмониҳо ихтироъкор, навовар, эҷодкор нестем, барои беҳдошти зисту зиндагиамон ягон  чизаке наофаридаю насохтаем.

 Дар мадҳиясароиву хушомадгуї, рақсу сурудҳои беохири дилбазану такрори «Сафина», «Тоҷикистон», «Баҳористон», «ТМТ – Шаҳнавоз», «Душанбе», «Суғд», «Хатлон», «Кулоб» ва ғайра дар дунё ҳамто надорем.

Нурулло Ҳасанов, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *