Нурулло Абдуллоев: Одами ҳушёр зани артист намешавад

Дар саросари Тоҷикистон шахсеро пайдо намудан душвор аст, ки Нурулло Абдуллоевро нашиносад. Ин ҳунарманди асил дар саҳнаи театр ва кинои тоҷик садҳо образҳои ҷаззоб ва хотирмон офаридааст, аммо бештари мардум ӯро аз барномаи машҳури телевизионии “Беғараз панд” мешиносанд. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев беш аз 50 сол боз тариқи ин барнома ба гӯши дигарон панду насиҳат хонда, одамонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд, аз ҳамин хотир, аксари мухлисони ҳунари волояш мехоҳанд донанд, ки худи ҳунарманд чӣ гуна инсон аст ва чӣ рӯзгоре дорад. Ҳафтаи гузашта мо меҳмони хонадони Нурулло Абдуллоев гашта, бо аҳли ин оилаи хушбахт сӯҳбати ҷолибе оростем ва инак, фишурдаи онро манзуратон месозем.

-Акои Нурулло, аксари ҳунармандон дар оиладорӣ чандон хушбахт нестанд. Аз рӯйи рашк ва бо сабабҳои дигар борҳо хонавайрон мешаванд, вале шумо 50 сол бо як зан зиндагӣ карда, соҳиби фарзандони солеҳ ва келину набераҳои бисёре гаштаед. Ба қавли маъруф 50 сол ҳамдигарро тоқат карда, зери як бом зистанатон саҳми кист: Шумо ё янга?

-Аслан одами ҳушёр зани артист намешавад, барои ин ё девона будан лозим ё аз ҳад пуртоқат ва дурандеш.

-Гуфтаниед, ки янга шумо 50 сол боз тоқат карда гаштаанд?    

-Ҳамсари ҳунарманд будан бениҳоят душвор аст, чунки ҳунарманд ба худаш таалуқ надорад. Шахсан ман баъзан ҳафтаҳо ба хона омада наметавонистам, вале ҳамсарам ба танҳоӣ ҳам аз ӯҳдаи кашидани бори зиндагӣ мебаромад, ҳам фарзандонамонро тарбият мекард ва ҳам ба падару модари ман аз дилу ҷон хизмат менамуд. Вай ҳатто дар хона сумка-пакет медӯхт, то ки каме ҳам бошад, ба ман ёрӣ расонад.

-Мегӯянд, ки шумо ҳамдигарро дар пахтачинӣ дида, бо як нигоҳ ба мисли Лайлию Маҷнун ошиқи зори ҳамдигар гаштед. Рост аст?

-Дар пахтачинӣ не, бори аввал ҳамдигарро дар ғӯзапоячинӣ дида будем. Як апаи ман дар малаллаи Қазоқон зиндагӣ мекард ва мо ҳам дар он ҷо як ҳавлича доштем. Шавҳари апаам дар колхоз зоотехник буд ва оилаи инҳоро (ба ҳамсараш ишорат мекунад) нағз мешинохт. Онҳо маслиҳатро пазонда, рӯзе маро ба сари замин бурданд, то ки ба арӯсшаванда нишон диҳанд. Ман аз ин бехабар, вале Латофатбону (ҳамсараш) хабардор будаанд…

Аз нақли ҳамсари Нурулло Абдуллоев-Латофат Ашӯрова    

-Он рӯз мо ба ғӯзапоячинӣ рафта будем. Падарам ба бародаронам фармуданд, ки барои меҳмонҳо хӯрок баранд. Ман аз дур дидам, ки панҷ ҷавони зебо дар байни замин рост истодаанд. Ҳамаашон бачаҳои хушсарулибос ба қавле “интелегентний” буданд. Ба додари калониам гуфтам, ки рафта бин, кадомашон хушрӯйтар аст, лекин рашк карда, ба мисли падарам маро сахт ҷанг кард. Дидам, ки гапамро намегирад, ба додари хурдиам гуфтам, ки бо баҳонаи овардани табақҳо рафта бин, ки аз он бачаҳо кадомашон хушрӯйтар аст. Пас аз чанд лаҳза баргашта гуфт, ки “апа, якташ бурут дорад, ҳамон бурутдораш аз ҳама йигити базебтар аст”.

-Бурутдор акои Нурулло буданд?     

Бале,баъд аз сари замин ба хона баргашта дидам, ки хостгорон аллакай омадаанд. Тақдиру насиб будааст, ана 50-сол мешавад, ки зери як бом зиндагӣ карда истодаем. 

Тӯятон чӣ хел гузашт?  

-Он солҳо ба сари домод рӯймол мепартофтанд. Вақте ки домодро оварданд, ҳамроҳашон 4 духтар буд. Он духтарҳо тез-тез сарашонро аз таги рӯймол дарун карда, бо домод пичир-пичир мекарданд. Дугонаҳоям ин манзараро дида, ба ҳоли ман механдиданд, ки “эй муре наёфта. Ин бачая аз куҷо ёфтӣ, ки дар рӯзи тӯй ҳам бо духтарҳо гӯшакию пичир-пичир мекунад”.

Нурулло Абдуллоев:

-Он духтарҳо ҳамкурсонам буданд. Актриссаҳо парвои оламу одам надоранд, онҳо сарашонро тез-тез аз таги рӯймол дарун карда, аз ман  мепурсиданд, ки кадом сурудро хонанд, чи гӯянд, чӣ хел баромад кунанд…

Пас аз оиладор шуданатон ба театр ба тамошои намоишномаҳои акои Нурулло мерафтед?

Бале,шавҳарам одами замонавӣ, ки буданд, ман озод будам. Ҳамеша ба тамошои намоишномаҳояшон мерафтам.

Шумо дар толор дар қатори тамошобинону шавҳаратон дар саҳна нақши шавҳари зани дигарро бозида, занҳои бегонаро бӯса мекарданд, ба оғӯш мекашиданд, рашкатон намеомад?

-Ман ҳоҷибибӣ ҳастам, росташро мегӯям, ягон бор рашк накардаам. Медонистам, ки шавҳарам ҳунарманд аст ва дар саҳна нақш меофарад, чунки кораш ҳамин аст. Медонистам як бурда ноне, ки бачаҳоям мехӯранд, аз пушти ҳамин касабаи падарашон аст. Ман, агар рашку итоб мекардам, кайҳо оилаамон вайрон мешуд ва ҳоло ин ҷо набудам.

-Росташро гӯед, ягон бор қаҳр накардаед?  

Ростӣ, фақат як бор хостам чизу чораамро ҷамъ карда равам. Ҳамон вақт писари калониам Неъматҷон бемор буд, вале падараш 4 рӯз ба хона наомад. Аламам меомад, ки гул барин писар таваллуд кардаам, аммо кӯдак чанд рӯз боз касал асту падараш ҳатто хабар надорад. Либосҳои писарамро ҷамъ карда, ба як сумка андохтам ва ба худ қавл додам, ки ба хонаамон мераваму дигар ҳаргиз барнамегардам. Ҳамон шаб тахминан соатҳои 12 шавҳарам ба хона омаданд ва сумкаҳои маро дида пурсиданд, ки чӣ гап шудааст. Гуфтам, ки ба хонаамон меравам. Пурсиданд, ки меҳмонӣ меравӣ? Гуфтам, ки не, якумра меравам. Маро сарзаниш карда гуфтанд, ки “Кӯдака ба ман деҳ! Ман ҳунарманд ҳастам, ба сафарҳои ҳунарӣ меравам, рафта дар тӯю маъракаи мардум хизмат мекунам, баъд ту ҳар дафъа кӯчу бандатро ҷамъ карда, ба хонаи очат меравӣ?!”. Ин аввалину охирин бори қаҳр карданам буд.

Парвинабону, шумо духтари ягонаи Нурулло Абдуллоев ҳастед. Падаратонро ба актрисса рашк намекардед?

Парвина, духтари Нурулло Абдуллоев:

-Ман ҳозир ҳам падарамро натанҳо ба актриссаҳо, балки ба тамоми занҳо рашк мекунам, ҳатто ба духтари худам. Падарам бисёр одами меҳрубон ҳастанд, келинҳояшонро “духтари дадаш” мегӯянд. Ҳар гоҳ ба келинҳо духтари дадаш гуфта меҳрубонӣ кунанд, рашкам меояд. Намемонам, ки ба ғайр аз модарам дигар касе дар паҳлӯи падарам бишинад. Як зани каппа-калон шуда бошам ҳам, то ҳол ба оғӯши падарам даромада мешинам. (механдад)   

-Неъматҷон, шумо бо роҳи падаратон рафта, ҳанӯз аз синни 5-солагӣ ба нақш бозидан дар саҳна шурӯъ намудед. Фарзанди чунин шахси номдор будан бароятон кӯмак мекард ё баръакс масъулиятатонро зиёдтар мегардонд?

Неъматҷон, писари Нурулло Абдуллоев:

-Дар ҳақиқат ман нақши аввалинамро дар синни 5-солагӣ дар як намоишномаи телевизионӣ бозида будам ва баъди ин тез-тез дар филму намоишномаҳо иштирок мекардам, вале худи падарам аслан  намехостанд, ки ҳунарманд шавам. Вақте диданд, ки ман ҳам ба ин афюн, яъне афюни санъат гирифтор шудаам, дуои сафед доданд. Мисли падарам ман ҳам дар баробари актёрӣ боз сенария менависам, коргардонӣ мекунам ва ҳар гоҳ, ки дар ягон кори эҷодӣ дармонам, фикр мекунам, ки падарам дар ин ҳолат чӣ кор мекарданд. Идеали ман дар зиндагӣ ва ҳунар танҳо падарам ҳастанд. Фахр мекунам, ки фарзанди чунин марди шарф ҳастам.

Шумо 50 сол боз зиндагии хушбахтона ба сар мебаред. Сабаби ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва сирри хушбахтии оилавиро дар чӣ мебинед?

Латофат Ашӯрова, ҳамсари Нурулло Абдуллоев:

Келинҳои ман як пиёларо аз рӯйи дастурхон бардоштанӣ шавам, дарҳол мегӯянд, ки “монед очаҷон, худамон мекунем”, вале келинҳоеро мебинам, ки мудом хушдоманашонро ғайбат карда мегарданд, боз хушдоманҳое низ ҳастанд, ки бо келин ба мисли душман рафтор мекунанд. Албатта чунин муносибат боиси ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ мегардад. Келину хушдоман агар бо ҳамдигар бо эҳтиром муносибат намоянд, албатта дар он хонадон хушбахтӣ ҳукмрон мегардад.

Нурулло Абдуллоев:

Аз назари ман хушбахтии оилавӣ 3 сирри тиллоӣ дорад. Якум:  хатоҳои ҳамдигарро бахшида тавонистан, чунки ягон инсон дар дунё бе камбудӣ ва бе хато нест, махсусан дар даврони ҷавонӣ. Дуюм: падару модари ҳамдигарро мисли падару модари худ қабул кардан ва ҳурмату эҳтиром намуданд. Сеюм: пуртоқат будан. Сабр, махсусан сабри зан меваи ширин ба бор меоварад. Он меваи ширин хушбахтии оилавӣ аст.

-Ҳамеша чунин хушбахт ва муваффақ бимонед!

Ф. Сатторӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *