Нусратулло Давлатзода мавлуд дорад. Раиси Кумитаи андоз 60-сола шуд
Давлатзода Нусратулло Муқим 15-уми январи соли 1962 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2006 Академияи хизматии давлатии Русияи назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.
Мавсуф солҳои 1978-1982 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1982-1987 ҳамчун нозир оид ба маблағгузории хоҷагии қишлоқи шуъбаи молияи ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб кор кардааст. Солҳои 1987-1989 ба ҳайси сармуҳосиби Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб фаъолият намудааст. Солҳои 1989-1990 муовини раиси Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб, солҳои 1990-1991 тафтишотчии пешбар, сартафтишотчии Иттиҳодияи истеҳсоли меваю сабзавоти «Кӯлоб»-и вилояти Кӯлоб, солҳои 1991-1992 мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисоботу тафтишотии Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб, солҳои 1992-1995 директори Идораи ҳисоби хоҷагии савдои «Марҳабо»-и вилояти Хатлон, солҳои 1995-1997 сардори шуъбаи савдои Базаи ҷумҳуриявии яклухтфурӯшии «Тоҷик-баққолисавдо», солҳои 1997-1998 сарревизор-назоратчии Раёсати санҷиш ва назорати молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Номбурда солҳои 1998-1999 ҳамчун нозири калони андози Идораи санҷиши андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 1999-2000 сардори Идораи ташкили андози Кумитаи андози вилояти Ленинобод, солҳои 2000-2002 сардори Идораи Ленинободии Нозироти андозсупорандагони азими Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2006 сардори Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006-2009 муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Аз 16-уми январи соли 2009 инҷониб раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ