Оғози даъвати ҷавонон ба артиш: Як шаҳру се ноҳияи Хатлон нақшаро иҷро карданд

Имрӯз, 3-юми октябр дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардиданд.

Дар рӯзи аввали давъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш ноҳияҳои Вахш, Данғара, Фархор ва шаҳри Норак нақшаро пурра иҷро карданд.

Дар чорабинии гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, ки “шумо — даъватшавандагон ва дар оянда хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург хоҳед дошт”.

Дар рӯзи аввали сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз вилояти Хатлон бештар аз 1400 нафар ҷалб шудааст. Ба наваскарон туҳфаҳои Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *