Оғози даъвати тирамоҳӣ. Дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид
Имрӯз, 1 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда баргузор шуд.
Дар ҳамоиш ҷавонони солҳои таваллуди 1997-2006-и ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 5 августи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки аз рӯзи аввали даъвати баҳорӣ аллакай чанд шаҳру навоҳии мамлакат нақшаи пешбинишударо сад дар сад иҷро карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ