Оғози мавсими нави театрӣ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе мавсими нави театрӣ оғоз шуд ва театрҳои шаҳр намоишномаҳои нав ва беҳтарини худро рӯи саҳна мегузоранд.

19-уми сентябр

 Мавсими нави театриро нахустин шуда Театри тамошобини ҷавони “Аҳорун” оғоз кард ва намоишномаи маъруфи “Исфандиёр”-ро, ки таҳияи коргардони номвар Фаррух Қосим аст, ба саҳна гузошт.

20-уми сентябр

Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар мавсими нави театрӣ намоишномаи “Зани оҳанин”-ро ба намоиш гузошт. Ин намоишномаро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони шинохта Мирзоватан Миров таҳия кардааст.

23-юми сентябр

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо консерти “Ширин Власенко” мавсими нави худро оғоз мебахшад ва он соати 18:00 ба саҳна гузошта мешавад.

26-уми сентябр

Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ мавсими навро бо намоишномаи ҷадид оғоз менамояд. Намоишномаи мазҳакавии “Арвоҳи беқарор”-ро саркоргардони театри мазкур Султон Усмонов таҳия кардааст ва нахустнамоиши он соати 17:30 дақиқа баргузор мегардад.

30-юми сентябр

Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский бо намоишномаи “Мастер и Маргарита” мавсими нави театриро оғоз мекунад. Ин намоишнома дар охирин фестивали “Парасту-2023” соҳиби Шоҳҷоиза гардида буд.

Интизор меравад, ки ҳар як театри кишвар дар мавсими нав дастикам 4 намоишномаи тоза пешкаши ҳаводорон гардонад. Бояд гуфт, ки дар саросари Тоҷикистон 18 театр фаъолият мекунанд. Дар хусуси театрҳои музофотӣ, ки мавсими нави театриро кай ва бо кадом намоишнома оғоз мекунанд, ҳоло маълумот дастрас нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *