Оғози парвандаи ҷиноятӣ баъди ҳамла ба ҳамсари Градский (аудио)

Пулис баъди ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳамсари марҳум Александр Градский — Марина Коташенко бар асоси моддаи ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

— Барои муайян кардану боздошт намудани ҷинояткорон чораҳои фаврй-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда истодаанд,- гуфтаанд ба хабарнигори “ТАСС” дар дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав.

Бояд гуфт, ки рӯзи 16-уми январ афроди ношинос ба ҳамсари овозхону оҳангсози рус Александр Градский — Марина ҳамлаву пули нақд ва ашёи қимматбаҳои ӯро ба маблағи 100 миллион рубл ғорат кардаанд. Ба гуфтаи як манбаи “Комсомолская правда” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин ҳодиса дар Наро-Фомински вилояти Маскав рух додааст.

Ҷинояткорон бо таҳдиди силоҳ (Коташенко тасдиқ мекунад, ки ин афрод таппонча доштаанд) ҳамсари овозхонро маҷбур кардаанд, ки онҳоро ба хонааш роҳнамоӣ кунад. Марина зери мили таппонча маҷбур шудааст, ки дарҳои хонаро ба рӯи ғоратгарон кушояд ва аз тамоми ашёи қимматбаҳои дар дохили он буда даст кашад.

Ёдовар мешавем, ки Александр Градский бо ҳамсари чоруми худ Марина Коташенко 17 сол зиндагӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *