Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ронандаи сохтакор
Идораи воситаи нақлиёт бо шаҳодатномаи ронандагии қалбакӣ ҳолати ҷиноятиест, ки дар ҷараёни рейди самтӣ нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом дар ҳудуди маъмурии хизматӣ ошкор намудаанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, “ҷанбаи ташвишовари ин ҳолати ҷиноятӣ дар он аст, ки гумонбаршуда воситаи нақлиёти мусофиркашро идора намуда, ба мусофиркашонӣ машғул буд. Шаҳрванд Ҳасанзод Умар, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом моҳи январи соли равон бо маслиҳати пешакӣ бо рафиқаш Ихтиёр Мазоҳидов, ки ӯ низ сокини шаҳри Конибодом аст, шаҳодатномаи ронандагии сохтакоришуда бо дараҷаҳои Б; С; Д барои идораи нақлиёти сабукрав, боркашон ва мусофиркашонӣ ба даст оварда, давоми зиёда аз ду моҳ воситаи наклиёти мусофиркашонии тамғаи «Мерседес-Спринтер», аломати қайди давлатиаш tj 9022ТТ 02-ро идора намуда, дар хатсайри №115-и дохилишаҳрӣ ба мусофиркашонӣ машғул шудааст”.
Ҳангоми санҷиши ҳуҷҷат оид ба сохта ва қалбакӣ будани шаҳодатномаи ронандагӣ корманди бозрасӣ шубҳа намуда, барои дақиқ кардани тахмини худ аввал нисбати ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар хусуси риоя накардани меъёри суръати ҳаракати роҳ тартиб медиҳанд ва дар идома шаҳодатнома аз ташхиси криминалистӣ гузаронида мешавад, ки қалбакӣ будани он тасдиқ ёфтааст.
Гумонбаршуда Умар Ҳасанзод ба тафтишот иқрор шудааст, ки курси ронандагиро барои идора намудани нақлиёти мусофиркашонӣ нахондааст ва шаҳодатномаро бар ивази пардохти 5 500 сомонӣ рафиқаш ба ӯ дастрас намудааст. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки шаҳодатномаи мазкур бе риояи талаботи технологӣ дар хориҷа таҳия гардидааст.
— Бо кирдори содирнамудаи худ гумонбаршудаҳо меъёрҳои дар моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо вайрон кардаанд ва барои содир намудани чунин амали ҷиноятӣ нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид,- меафзояд манбаъ .
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ