Оғози сафари кории Президент ба вилояти Суғд
Имрӯз, 14-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарону фаъолони вилоят истиқбол гирифтанд.
Дар ин мавзеъ нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Аснои шиносоӣ бо раванди коркарди ашёи хом ва дигар корҳои дар ин минтақаи саноатӣ анҷомёфта маълум гардид, ки дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.
Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии “Тибет Хуаюй” 136 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад. Аз ҷумла, барои ба хока табдил додани маъдан дар хати технологӣ дастгоҳу таҷҳизоти ширкати “Метсо”-и Финляндия васл карда шудааст, ки дар соҳаи куҳкории Аврупо ва ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад. Техника ва механизми маъданборкунии ширкати “Волво”-и Шветсия бошад, дар қисмати тарзи кушоди кон мавриди истифода қарор дорад. Технологияи 14 коргоҳи ғанигардонии маъдан аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст ва дар ин ҷо ашёи хом ба таври автоматӣ коркард мешавад.
Гуфта мешавад, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли консентрати тилло ва сурмаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз роҳу усулҳои муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, истифода мебаранд. Бештари кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Таъкид гардидааст, ки дар ин корхона истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод сурат мегирад. То имрӯз барои истихроҷи тилло ва сурма зиёда аз 25 ҳазор метр нақб канда шудааст.
Манбаъ ёдовар мешавад, ки корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24-уми июни соли 2018 оғоз гардида буд.
— 12-уми сентябри соли 2020 Сарвари давлат бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, барои бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода додани корхона ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ