Оғози сафари Президент ба Суғд
Имрӯз, 7 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба вилояти Суғд сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ як силсила иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ