Оғози сохтмони хонаҳои зарардидагони садамаи пурқурбонии шаҳри Кӯлоб
Сохтмони хонаҳои зарардигони садамаи пурқурбонии шаҳри Кӯлоб оғоз карда шуд. Дар натиҷаи садамаи нақлиётии 6-уми август чор хона вайрон шуда буд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон барои шиносоӣ бо оғози рафти корҳои сохтмонӣ ба шаҳри Кӯлоб сафар кардааст.
Дар натиҷаи садамаи маргбори нақлиётӣ, ки 6-уми августи соли равон дар шаҳри Кӯлоб рух дода буд, 4 хонаи сокион валангор шудааст.
Давлаталӣ Саид аз аҳволи оилаҳои зарардида хабардор шуда, гуфтааст, ки ҳеҷ вақт худро танҳо ҳис накунанд: “Давлату ҳукумат, бахусус Роҳбари давлат имрӯз ба ҳар як сокини Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир мекунанд”.
Ӯ ба масъулин супориш додааст, ки саривақт ва бо сифати баланд корҳои сохтмониро ба охир расонанд.
Хонаҳои сокинони зарардида аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Дӯстии шаҳри мавриди назар бунёд мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ