Оқохони IV 87-сола шуд
Пайравони мазҳаби исмоилия 87-умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-уми худро ҷашн мегиранд. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон 13-уми декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст.
Феълан, дар саросари ҷаҳон наздик ба 20 млн нафар пайрави маҳзаби шиаи имомии исмоилӣ зиндагӣ мекунанд, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса умр ба сар мебаранд. Яке аз бузургтарин ҷамоатҳои исмоилиён дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст.
Муридони Аълоҳазрат дар ҷашни “Мавлуд” тариқи паёмак ҳамдигарро шодбош мегӯянду хурсандии худро бо дигарон қисмат мекунанд. Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи Донишкадаи таърихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи тавсеаи Оқохон» (AKDN) аст.
Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст. Ӯ яке аз таъсиргузортарин мусалмонони олам мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ