Оҳангсози Сурайё ва Манижа ба садама дучор шуд

Диловар дар шаби издивоҷаш ба садама дучор шуд

Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохтаи эстрадаи тоҷик шаби 18 октябр, тахминан соати 23 дар роҳи Данғара –Ваҳдат дучори садама шуда, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бо «Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурда шудааст. Дар ин бора овозхон Абдураҳмон Ҳакимзода хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, Диловар Зуҳуриён шаби 18 октябр тӯй дошт ва баъди тӯй аз Данғара ба Душанбе бармегашт, вале дар роҳ мошини онҳо ба як мошини боркаш бархӯрдааст. Абдураҳмон Ҳакимзода гуфт, Диловар Зуҳуриён аз ҳамсари якумаш ҷудо шуда, рӯзи 18 октябр бори дуюм издивоҷ кард, вале тӯяш ба чунин фалокат анҷомид. Бино ба иттилои ӯ, бар асари садама яке аз дӯстони Диловар дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, худаш ҷароҳат бардоштааст. Диловар Зуҳуриён аз оҳангсозони ҷавон, вале шинохтаи тоҷик аст, ки барои овозхонҳои маъруфе, чун Сурайё Қосим, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Манижа Давлатова ва чандин ситораи дигари эстарадаи тоҷик оҳанг менавишт.

Мувофиқи маълумоти охирин, оҳангсози маъруф Диловар Зуҳуриён дар бемористон ҷон ба Ҳақ супорид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *