Оҳану йод нарасад, мард безурёт мешавад?
Норасоии ғизои солим ба як қатор беморӣ, аз қабили камхунӣ, камвазнӣ ва дигар омилҳои хатарзо оварда мерасонад.
Вақтҳои охир беҳолу бемадор мешавам. Вақте аз муоинаи духтур гузаштам, натиҷаи ташхис нишон дод, ки дар организмам якчанд моддаҳо, аз ҷумла, оҳан, йод ва синк намерасад. Норасогии онҳо чӣ оқибат дорад ва истеъмоли кадом ғизоҳо норасоии ин моддаҳоро барқарор мекунад?
Шамсия Азизова, н. Вахш
Посух:
Йод ва синк аз ҷумлаи моддаҳоест, ки барои ҳаёти солими организм нақши муҳим дорад. Организми инсон ба воситаи ғизоҳо тамоми узвҳо ва бофтаҳоро бо микроэлементу моддаҳои зарурӣ таъмин мекунад. Норасоии ғизои солим ба як қатор беморӣ, аз қабили камхунӣ, камвазнӣ ва дигар омилҳои хатарзо оварда мерасонад.
Пеш аз ҳама, норасоии синк дар организм инсонро ба чунин ҳолат — пайдошавии доғҳои гуногун дар пӯст, рехтани мӯйи сар, варам ва сурхшавии чашмон, гум шудани мазаи даҳон ва иштиҳо, халалёбии асаб, якбора пайдо шудани ларзиши дасту пойҳо, таваллуди пеш аз муҳлат, хунравии баъди таваллуд, дуруст инкишоф наёфтани қад ва узвҳои ҷинсӣ дар кӯдакон ва билохира ба безурётӣ оварда мерасонад.
Миқдори шабонарӯзии ин модда 11 грамм барои мардҳо ва 8 грамм барои занҳо муайян шудааст. Синк дар таркиби маҳсулоти баҳрӣ, махсусан, садафак (устрица), ҳама намуди каду, донаи офтобпараст, кунҷит, гӯшт, ҷигари гов, панир, ярмаи ҷав, лӯбиёгӣ, шоколад, маҳсулоти ширӣ дида мешавад. Ҳамчунин, дар таркиби обҳои минералӣ синк вуҷуд дорад.
Норасоии йод ва оҳан низ дар навбати худ оризаҳои зиёдро бо инсон рӯ ба рӯ мекунад. Яке аз сабабҳои норасоии оҳан ба камхунӣ оварда мерасонад.Бештари занҳо аз камхунӣ шикоят доранд, ки ин ҳолат ба саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон камхунӣ тақрибан дар 24% занҳои синни қобили таваллуд ва 28% кӯдакони то панҷсола дида мешавад.
Вақте инсон дар худ ин ҳолатҳоро эҳсос мекунад, бояд дарк намояд, ки дар организми ӯ марҳилаи норасоии оҳан рафта истодааст. Масалан, хастагӣ, нафаскашии душвор, рӯҳафтодагӣ, резиши мӯй, нохунҳои зудшикан, зуд-зуд хунукхӯрӣ, дарди доимии сар. Нишонаҳои норасоии йод махсусан, ба модароне, ки аз он азият мекашанд, хеле хатарзо мебошад. Маҳсулоте дар таркибашон оҳан дорад, истеъмоли он барои бартараф кардани норасоии оҳан муфид аст.
Ҳамаи маҳсулоти гӯшт, асосан ҷигар, гурда ва шуши ҳайвонот, икраи сиёҳ, ҳама намуди лӯбиёгӣ, донагиҳо, сабзавот, аз ҷумла картошка, лаблабуи сурх, сабзӣ, гулкарам аз мевагиҳо мевагиҳо шафтолу, зардолу, себ дар таркибашон оҳан доранд. Меъёри муқарраршудаи оҳан барои занҳо 15-20 грамм, барои мардҳо 10 ва барои занҳои ҳомила 18 грамм мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ