Ҳоҷи Мирзо: Ҳар чизе ба сари мардум меояд, аз роҳи дин меояд

Изҳороти муфтии Маскавро дар робита ба “тундгаро” ва “хатарноктар” шудани муҳоҷирони кории тоҷик бархе дар Тоҷикистон воқеият ва бархе дигар – як таблиғотҳои бадномкунанда алайҳи муҳоҷирони тоҷик дар Русия арзёбӣ мекунанд.

Албир Крганов, раҳбари Идораи мусалмонони шаҳри Маскав рӯзи 16-уми октябр дар як нишасти матбуотӣ аз “тундравтар шудани муҳоҷирони тоҷик ва шакл гирифтани гурӯҳи тундраве бо номи “Хуросон” дар марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон изҳори ташвиш кардааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфтааст, дар масъалаи коҳиши ақидаҳои ифротӣ бо муфтиёти Узбакистон ҳамкории хубе ба роҳ монда шудааст, вале ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи кор бо муҳоҷирони меҳнатиаш дар ҳудуди Русия дар амри коҳиши ақидаҳои ифротӣ ҳамкорӣ намекунад.

Вокуниши Кумитаи дин ба интиқоди Крганов

Вале Кумитаи дини Тоҷикистон ба изҳороти Крганов вокуниши сареъ нишон дод ва субҳи 17 октябр гуфт, ки дар паи як машварати корӣ бо аъзои Шӯрои уламо, гурӯҳе аз имомхатибонро барои анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ба Русия сафарбар мекунад.

Иброҳим Аҳмадов, масъули намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия низ гуфт, ин ҳарф, ки онҳо барои коҳиши тундгароӣ майли ҳамкорӣ надоранд, воқеият надорад.

Ӯ гуфт, бо ҷалби ходимони Идораи мусалмонои Русия борҳо миёни муҳоҷирон зидди ақидаҳои ифротаӣ сӯҳбатҳо анҷом додаанд. Вай, аз ҷумла, аз сафарҳои зиёди уламои дин ба Русия дар солҳои охир ёдовар шуд ва гуфт: “Дар масҷидҳои ҷомеъ, дар Новосибириск, Санкт-Петербург, Маскав, ки шаҳрвандони мо барои гузоштани намози ҷумъа меоянд, дар ҳамкорӣ бо Шӯрои уламои минтақаҳо борҳо сӯҳбатҳо анҷом додаем”.

Айни замон, мақомоти тоҷик эътироф мекунанд, ки шаҳрвандони ин кишвар, ки ба Русия – як кишвари бегона аз назари забону фарҳангу мазҳаб барои кор мераванд, гоҳо масҷиду маҳфилҳои диниро макони осоиши зеҳниву фарҳангии худ дармеёбанд. Дар бисёр ҳолатҳо мубаллиғони ақидаҳои хатарноки ифротӣ аз ин чиз ба манфиати худ истифода мекунанд.

Пажӯҳишҳои мақомоти тоҷик мегӯяд, ки аз миёни беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 2014 ба Сурияву Ироқ ба хотири пайвастан ба гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” рафтаанд, аксарият маҳз аз Русия сафар кардаанд. Як таҳқиқоти дигари пажӯҳишгарони маркази таҳлилии “Шарқ” собит кардааст, ки 18 дар сади муҳоҷироти тоҷик дар шароит масҷидҳои ҷомеаи Русия ифротӣ шудаанд.

Ҳоҷӣ Мирзо: Ҳар чизе ба сари мардум меояд, аз роҳи дин меояд

Дар солҳои охир бархе рӯҳониёни шинохта ҳам бо ҳадафи мулоқот бо ҳамватанону тарафдорон ба Русия рафтуомад мекунанд. Яке аз онҳо Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохта аст, ки то чанд соли пеш имомхатибии масҷиди “Ҳилоли Аҳмар”-и шаҳри Кӯлоб буд.

Аз сафари охирини ӯ ба Русия чанд рӯз гузаштааст. Ин рӯҳонӣ рӯзи 17-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷик дар шароите қарор доранд, ки аксаран ҳама гуна ақоиди динии барояшон таҳмилшударо чун воқеият қабул мекунанд.

Чун, ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон фурсати таҳлил, омӯхтан ва муқоиса карданро надоранд. Ӯ мегӯяд, баъди чанд моҳи будубош дар ин кишвар ва имоматӣ дар чанд масҷид ба хулосае омадааст, ки сӯҳбату гуфтугӯ бо ҳамватанон дар берун аз кишвар, талоши бозгардони онҳо аз ақидаҳои хатарнок хеле муҳим аст ва инро мақомоти маҳаллии Русия ҳам аз онҳо тақозо мекунанд. Вай гуфт:

“Воқеан ҳам, сӯҳбату машаратҳо, талоши пешгирӣ аз майли муҳоҷирон ба ақидаҳои ифротӣ хеле муҳим аст. Бо муҳоҷирон сӯҳбатҳои зиёд доштам ва дар чанд масҷиди бузургашон намози ҷумъаро низ пеш даромадем. Гуфтам, ягона чизе, ки фарзандҳои моро аз пайравӣ ба ақидаҳои гурӯҳҳои тундрав нигаҳ медорад, устуворӣ дар мазҳаб аст. Аввал мегуфтанд, ки барои пул шомили ин гурӯҳҳо мешаванд.

Як қисмат шояд раванд, лекин қисмати зиёде гӯё ба хотири худо мераванд ва гуё подош мегиранд. Ҳамин ақидаашон хато ҳаст, вале дарк намекунанд. Чун замина надоранд, фаҳмиш надоранд. Онҳо кор мераванд ва аз тарафи дигар шояд вақти хондану мутолиа надоранд. Барои ҳамин воқеан бояд фаҳмондаиҳиро зиёд кард. Ҳар чизе, ки ба сари ин мардум меояд, аз роҳи дин меояд. Барои ҳамин аз дин инҳоро бояд огоҳ кард. Ошно кард. Аз дин сӯиистифода мекунанд”.

Ин рӯҳониии тоҷик мегӯяд, аз таъсиси гурӯҳе бо номи “Хуросон” дар Афғонистон, ки дар сухнаронии Крганов садо додааст, хабар надорад, вале, ба гуфтаи ӯ, аз эҳтимол дур нест, ки ҷои гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”-ро як гурӯҳи ифротии дигар бигирад.

Интернет — манбаи аслии иттилооти муҳоҷирон

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов гуфт, нақши интернет дар маълумотгирии ҷавонон ҳам аз назари мусбат ва ҳам манфӣ хеле зиёд аст.

Ӯ гуфт: “Дар қиболи ин даъватҳои интернетӣ даъватҳое, ки онҳоро рад кунад, вуҷуд надорад. Мо дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ будем, ки мегуфтанд, интернетро мебанем. Ин роҳи пешгирӣ нест. Ҳар чизеро, ки пушида нигоҳ доштӣ, таваҷҷӯҳ бештар мешавад. Ягона роҳ агар хоҳиши ҳукуматҳо бошад, бояд намояндаҳоро фиристанд ва аз ин пешгирӣ кунанд. Тариқи фаҳмондадиҳӣ мувваффақ мешаванд. Дар як шаҳр агар баромад кунӣ ва он сабт шавад, ҳазорон нафари дигар онро тамошо мекунанд.”

“Муҳоҷир барои як бурда нон меравад”

Аммо Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик, ки мавзӯи ифротишавии ҷомеаро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, иддаои Идораи рӯҳонияти Маскав мантиқ надорад.

“Ин ки бархе аз муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, аз бархӯрди нодурусти мақомоти Русия бо муҳоҷирон маншаъ мегирад. Вақте ки муҳоҷир таҳқир мешавад, ҷойи корашро аз даст медиҳад, албатта, ба ягон ҷиноят даст мезанад. Содир кардани ҷинояти маъмурӣ ё ҷиноятҳои дигар аз ҷониби чунин муҳоҷир аз эҳтимол дур нест. Дар симои ҳар як муҳоҷир дидани террорист кори дуруст нест”.

Олимов мегӯяд, нафаре, ки ба муҳоҷират меравад, нияти холисона дорад ва дар пайи дарёфти як бурда нон аст: “Ин дуруст нест, ки гӯё ӯ мераваду аз ягон ҷо силоҳ пайдо карда, ба амали бад даст мезанад. Агар чунин нияти бад дошта бошад, шарт нест, ба Русия биравад. Дар ин ҷо ҳам метавонад, онро содир кунад. Аксари муҳоҷирон пайи кори худанд ва дар ҷустуҷӯи ризқанд. Танҳо бархе он ҷо мераванд ва тағйир меёбанд. Решаҳояш бештар хатари иқтисодӣ-иҷтимоӣ дорад, ки ба зиндагии мушкил рабт мегирад. Онҳоро ба ин чашм нигоҳ кардан даркор нест, ки онҳо террористони эҳтимолӣ ҳастанд. Ин хел нест, набояд расонаҳо чунин бинавсинад. Оморе нест, ки миқдори зиёди террористон муҳоҷирон бошанд. Албатта, дар муҳоҷират будан ба маънои осебпазир будан аст”.

Бар асоси омори расмӣ дар солона то 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои пайдо кардани кор ба Русия мераванд, ки аксарашон ҷавонон ҳастанд. Мақомоти Русия дар ҳоле муҳоҷиронро ба тундгароӣ муттаҳам мекунанд, ки аз рӯи иттилои худи мақомоти ин кишвар, ҳадди аққал 10 ҳазор сокини кишварҳои узви СПАД ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд ва шумори зиёди онҳо маҳз тавассути Русия ба ҷангҳо ҷалб шудаанд.

Бознашр аз Озодӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *