Ҳоҷиев дар Сургути Русия ҳафт одамро бо корд зад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он гумон меравад, Артур Ҳоҷиев бо гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» байъат кардааст. Гаджиев 19 август дар Сургути Русия ҳафт одамро бо корд захмӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, чеҳраи одаме, ки дар навор суҳбат мекунад, пӯшида аст. Хабар дода мешавад, навори видеоиро маркази матбуотии Furat, ки ба ДИ вобаста аст, нашр кард.

19 август Артур Ҳоҷиеви 19-сола бо корд ба роҳгузарон ҳамла ва 7 одамро захмӣ кард. Пулис ҳангоми боздошт ӯро парронд. «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамларо ба зимма гирифт.

Мақомоти Русия ин ҳодисаро ҳамчун теракт эътироф намекунанд. Дар телевизионҳои федеролии Русия рӯйдодҳои Сургут тақрибан ёд намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *