Оқила: 8 cоли умрам дар ғарибӣ гузашт

Оқила Уроқова, модари панҷ фарзанди ноболиғ 8-сол дар Афғонистон, Эрону Покистон сарсону саргардон гаштааст. Аз рӯи гуфтаҳои ин зан 8 соли зиндагии ӯ дар ғарибӣ ва саропо азобу уқубат буд.

Оқила Уроқова, модари панҷ фарзанди ноболиғ 8-сол дар Афғонистон, Эрону Покистон сарсону саргардон  гаштааст. Аз рӯи гуфтаҳои ин зан 8 соли зиндагии ӯ  дар ғарибӣ ва саропо азобу уқубат буд.

Ӯ мегӯяд: “Соли 2011 ҳамсарам занг зада, ба воситаи “дӯстонаш” ману ду духтарам-Сумая ва Фотимаро ба шаҳри Машҳади Эрон бурд. Дар аввал барои мани деҳотӣ, ки ба умқи ҳар гапу кор ва гурӯҳҳои мухолифу ифродӣ намерафтам, ҳама рӯзам сайру саёҳатро мемонд. Вале дар асл намедонистам, ки ҳар рӯзи ман ва ҳар луқмаи нони ёфтаи шавҳарам- Муродҷон Хӯҷамонов дар дасти душмони миллати мо будааст. Он вақт ақлам кор намекард, ки як соли дароз шавҳарам дасташро ба оби сард намезад, аммо обу нони мо таъмин буд. Ҳамон вақт кош мепурсидам, ки мардак, мо 4 нафар хуранда ҳама бекорем, ин хӯрдухурок аз куҷо? Кӣ инро дастрас мекунад? Чаро бемузд ба мо некӣ мекунанд?”

Хӯҷамонов кист?

Ба гуфти Лоиқшо   Зикирзода, раиси суди ноҳияи Спитамен Хӯҷамонов Муродҷон Абдумӯъминович, сокини деҳаи Тағояки ноҳияи Спитамен, падари 5 нафар фарзанд  ба ҳукми суди ноҳияи Спитамен ба муддати 23 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Номбурда барои пайвастан ба иттиҳоди террористии “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ ҳаркати исломии Ӯзбекистон) ва минбаъд роҳбари ҷузъу томи таркибии иттиҳоди ҷиноятии террорристӣ ва экстремистии Ҷамоати “Ансоруллоҳ” шуданаш тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 маҳбасӣ шуд.

Номбурда тахминан моҳи ноябри соли 2015 дар ҳудуди Афғонистон мавзеи наздисарҳадӣ дастгир шуда, мақомоти давлатии Афғонистон барои мухолифи давлат буданаш ба  зиндон маҳкум кардаанд. Сипас, ӯро соли 2018 ба  Тоҷикистон истирдод кардаанд.

Сабабҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ пайвастани шаҳрвандон гуногун аст. Аммо Хӯҷамонов на танҳо худаш, балки оила ва фарзандонашро низ дар давлатҳои ҷангзада овора кард. Хӯҷамонов кист? Чӣ кор мекард?  Бо кадом роҳ ба ташкилотҳои террористӣ на танҳо пайваст, балки  вазифаи “Амири оиладорон”-ро соҳиб шуд?

Хӯҷамонов, сокини ноҳияи Спитамен ва  пештар ронандаи таксӣ шуда кор мекард. Вале самти чамбараки мошини ӯ на сӯи роҳи рушан, балки сӯи роҳҳои пурхатари ба истилоҳ гурӯҳои ифродӣ тоб хурд. Дар давоми се моҳи аввали  соли 2009 бо ҳамсинфаш Наҷмиддин Ҳошмимов ва ҳамдеҳааш Муродҷон Қузибеков, ки аъзои фаъоли иттиҳоди террористии “Ҳизби Исломии Ӯзбекистон” буданд, робитаи зич пайдо карда, ақидаи ифродии онҳоро ҷонибдорӣ ва супориши онҳоро бечунучаро иҷро мекард. Хӯҷамонов, ки ронандаи таксӣ буд супориши аввалини “дӯстонаш” бо автомашинааш аз шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе кашонидани яке аз  роҳбарони ҷузъу томи иттиҳоди террористии “Ҳизби исломии Ӯзбекистон” Абдухолиқ Бобоев бо тахаллуси “Усто” буд.

Чанд моҳ хизмати “хоҷагонаш”-ро иҷро карда, пурра аз ақидаҳои ботили онҳо дастгирӣ мекунад. Дар миёнаҳои соли 2009 мебинанд, ки дар ҳудуди вилояти Суғд фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр гардида истодааст, барои ошкор нашудани мақсадҳои ғаразнокашон бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскав мераванд. Аммо бо даъвати ҳамдеҳагонаш Шакарбек Холбеков ва Шеркузӣ Абдуллоев барои зиёд кардани сафи    иттиҳоди террористии “Ҳизби исломии Туркистон” се нафари дигари сокинони ноҳияи Спитаменро барои расидан ба ҳадафҳои ин иттиҳод ҷалб карда, “байъат” намудаанд. Пас аз ин “байъат”  кори ин тоифаи роҳгумзада аз ҷалби аҳли оилаи худ ба сафи ҳизби иттиҳоди террористии “Ҳизби исломии Туркистон” оғоз  мешавад, ки дар зер “қатрае аз баҳр”-и тақдири талхи ҳамсари  Хӯҷамоновро дарҷ шудааст. 

Оқила мегӯяд: “Шавҳарам пеш аз сафар ба давлати Эрон дар Русия буд.  Фикр мекардам, ки  барои зиндагии беҳтар ва ба даст овардани маоши бештар ба ин давлат сафар кардааст. Ҳатто, вақте ки моро ба наздаш даъват кард, шодӣ кардем, инро нишонаи вафодорӣ донистам. Ду духтари дигарам- Марям ва Ҳалима дар мулки ғарибӣ ба дунё омаданд.  Шавҳарам моро соли 2011 ба Истамбул даъват кард. Ду ҳафта дар хонаи Абдуқодир ном тоҷик зиндагӣ кардем. Аз Истамбул ба Машҳад аз Машҳад ба Зоҳидон рафтем. Бо таксиҳои фармоишӣ мо ба ҳар ҷое мерафтем, ахшоси гуногун пешвоз мегирифтанд.

Азобу машаққати  зиёде дошем. Масалан, барои аз  Покистон ба Мироншоҳ рафтан, 16 рӯз дар роҳ будем. Агарчӣ гоҳ-гоҳ истироҳати кӯтоҳ дошта бошем ҳам, аммо дурии роҳ ману фарзандонамро дилбазан карда буд.

Аз Мироншоҳ ба Вазиристон рафтем. Дар Вазиристон 4 сол зиндагӣ кардем. Бар замми бекор будан, боз ҳомиладор шуда, азоби дучанд мекашидам. Дар ғарибӣ духтари  чорумам -Фотимаро таваллуд кардам. Пас аз   дусолагии ӯ  панҷум  духтарам Марям таваллуд шуд.   Ягон чиз ба озодӣ баробар шуда наметавонад. Дар Вазиристон мисоли маҳбусон танҳо дар хона будем ва бо вуҷуди садҳо ҳамватанонамон дар он ҷо иқомат доштанашон наметавонистем озодона ба ҷое равем.  Аз  пушти  гумроҳшавии шавҳарам мо ҳам гумроҳ шудем. Қариб  буд, ки дар  мулки ғарибӣ беватану бекафан мемурдем…

Фарзона Муродӣ, “Тоҷикистон”

Матлаби комил дар шумораи ояндаи нашрияи “Тоҷикистон” чоп мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *