Ҳоҷиён се нафар кам шуда Ба Тоҷикистон баргаштанд
Аввалин гуруҳи 200 нафарии ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баргаштанд. Се зойири тоҷик, ки барои зиёрати хонаи Худо рафтанд, барнамегарданд ва наздиконашон дар Тоҷикистон мотам доранд.
Ҳоҷиёни тоҷик баъди берун шудан аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз гармии тоқатфарсои Арабистони Саудӣ ҳарф задаанд ва шукрона кардаанд, бо сад мушкилӣ ҳам бошад ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шуданд. Тибқи иттилои Кумитаи дин, Арал Шукурови 61-сола ва Сарабек Маҳмадови 62-сола, сокинони ноҳияҳои Дустӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар шаҳри Макка ҷон додаанд. Арал Шукуров баъди расидан ба водии Мино даргузашта, Сарабек Маҳмадов аз дарди қалб дар меҳмонхонае дар Макка дунёро падруд гуфтааст. Нафари севум ҲикоятАшӯрова, сокини ноҳияи Ҳисор буда, дар рӯзи Иди Қурбон даргузаштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ